Боздошти даҳҳо нафар муҳоҷирон дар бозорҳои Маскав

Шаби 11 март дар ду бозори бузурги шаҳри Маскав рейдҳо гузаронида шуда, дар ҷараёни он даҳҳо нафар муҳоҷирон боздошт шуданд. Мақомоти пулиси Маскав дар маҷмааи савдои “Москва” дар Люблино ва бозори яклухтфурӯшии “Садовод” санҷиш доир намудааст, хабар медиҳад “Интерфакс”. Рейди кормандони пулис соати 3-и шаби 11 март оғоз гардидааст. Ба гуфтаи манбаи “Интерфакс”, баргузории санҷишҳо […]

Шаби 11 март дар ду бозори бузурги шаҳри Маскав рейдҳо гузаронида шуда, дар ҷараёни он даҳҳо нафар муҳоҷирон боздошт шуданд.

Мақомоти пулиси Маскав дар маҷмааи савдои “Москва” дар Люблино ва бозори яклухтфурӯшии “Садовод” санҷиш доир намудааст, хабар медиҳад “Интерфакс”.

Рейди кормандони пулис соати 3-и шаби 11 март оғоз гардидааст. Ба гуфтаи манбаи “Интерфакс”, баргузории санҷишҳо ба муноқишаҳои рухдода байни муҳоҷирон рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта вобаста буда метавонад. Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар қаламрави бозорҳо шояд ширкатҳои бо асъори крипто сарукордоша ҷустуҷӯ мешуданд.

Бино ба маълумоти шабакаи телеграми Mash, рейд ба маркази савдои “Москва” ба ҷанҷоли дастаҷамъии рӯзи 7 март бо истифода аз корду силоҳи оташфишон иртибот дошта, дар бозори “Садовод” рейди маъмулии санҷишӣ доир гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, даст доштани муҳоҷирони боздоштшуда дар содир шудани як қатор ҷиноятҳо ва ҳамчунин риояи тартиботи будубоши онҳо дар Русия мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Мувофиқи баъзе маълумот, дар бозорҳои “Садовод” ва “Люблино” то 4-5 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик машғули коранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.