Дар Душанбе масъалаи имконоти Тоҷикистон дар ҳамгиройии авруосиёӣ баррасӣ мешавад

Дар шаҳри Душанбе имрӯз таҳти унвони “Андозагирии иҷтимоии ҳамгиройии авруосиёӣ: имконот ва дурнамо барои Тоҷикистон” мизи гирди байнулмилалӣ баргузор мешавад. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Фонди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ”, Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” (Екатеринбург), маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” (Саратов) бо мусоидати сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Дар мизи гирд масоили имконоти рушди сармояи инсонӣ дар шароити […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе имрӯз таҳти унвони “Андозагирии иҷтимоии ҳамгиройии авруосиёӣ: имконот ва дурнамо барои Тоҷикистон” мизи гирди байнулмилалӣ баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Фонди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ”, Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” (Екатеринбург), маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” (Саратов) бо мусоидати сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар мизи гирд масоили имконоти рушди сармояи инсонӣ дар шароити равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои АвруОсиё мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

Дар кори мизи гирд сиёсатмадорону дипломатҳо, коршиносон, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, олимон, ходимони чамъиятӣ ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.

Ҳамчунин аз иштироки сафирони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин низ дар ин чорабинӣ интизорӣ меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.