Суғд: 9 соли зиндон ба як зан барои фурӯхтани кӯдакаш

Дар суди шаҳри Хуҷанд баррасии парвнада нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Савринисо Мақсудова, ки тифлашро фурӯхтанӣ буд, ба итмом расид. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Мавҷуда Шарифзода хабар дод, судшаванда Савринисо Мақсудоваи 36-сола шавҳар ва ҷойи истиқомат надоштааст. “Бори сеюм аст, ки ӯ барои содир намудани чунин ҷиноят дар […]

Дар суди шаҳри Хуҷанд баррасии парвнада нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Савринисо Мақсудова, ки тифлашро фурӯхтанӣ буд, ба итмом расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Мавҷуда Шарифзода хабар дод, судшаванда Савринисо Мақсудоваи 36-сола шавҳар ва ҷойи истиқомат надоштааст.

“Бори сеюм аст, ки ӯ барои содир намудани чунин ҷиноят дар курсии айбдорӣ нишастааст, се тифли навзоди худро фурӯхтан мехост”, – қайд кард Шарифзода.

Раиси суд ҳамчунин зикр кард, ки духтарчаи сеюми навзоди худро ӯ ба сокини шаҳри Истаравшан, ки фарзанд таваллуд карда наметавонад, фурӯхтанӣ буд.

“Ба ивази кӯдак модараш аввал дархост намудааст, ки барояш сарулибос харанд ва сипас ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои духтарча боз 2 ҳазор сомонӣ пул талаб кардааст”, – иброз дошт Шарифзода.

Зимнан зикр гардид, ки бачаҳои зан айни замон дар хонаи кӯдакон қарор дошта, суд Савринисо Мақсудоваро мутобиқи моддаи 167, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (хариду фурӯши ноболиғон) ба 9 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.