Ҳаракати боз ду маршруткаи дигар дар Душанбе манъ шуд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и хатсайри №10-ро байни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва маҳаллаи Пахтакор, ҳамчунин №67-ро аз маҳаллаи Маърифатӣ то кӯчаи Гагарин манъ мекунад. Аз 10 апрел хизматрасонии ин хатсайрҳо пурра тариқи автобусҳои тамғаи «AKIA» ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт. Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади кам кардани […]

Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и хатсайри №10-ро байни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва маҳаллаи Пахтакор, ҳамчунин №67-ро аз маҳаллаи Маърифатӣ то кӯчаи Гагарин манъ мекунад.

Аз 10 апрел хизматрасонии ин хатсайрҳо пурра тариқи автобусҳои тамғаи «AKIA» ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат ва танбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин самт қабул шудааст.

Мебояд гуфт, нахуст ҳукуматдорони пойтахт ҳаракати маршруткаҳоро дар хиёбони марказии Рӯдакӣ манъ карданд. Сипас дар дигар кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла кӯчаи Неъмат Қарабоев низ ба ҳаракати микроавтобусҳо роҳ дода нашуда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Тибқи маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёте қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.