Таҳияи харитаҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон харитаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия шуда, минбаъд онҳо бояд дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад ҷой дода шаванд. Таҳияи харитаҳои сайёҳӣ яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Нақшаи чорабиниҳо бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъқул шуморида шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон харитаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия шуда, минбаъд онҳо бояд дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад ҷой дода шаванд.

Таҳияи харитаҳои сайёҳӣ яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Нақшаи чорабиниҳо бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъқул шуморида шудааст.

Мувофиқи нақшаи мазкур, харитаҳои сайёҳӣ бояд то охири моҳи апрели соли равон таҳия карда шаванд.

Ба таҳияи харитаҳо Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи рушди деҳот ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо бахши хусусӣ машғул хоҳанд шуд.

Дар санад паҳн кардану ҷой додани харитаҳои таҳияшуда дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад, ҳамчунин дар хадамоти консулгарӣ ва ғайра дастур дода шудааст.

Нақшаи тасдиқшуда дар маҷмӯъ беш аз 50 чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирад, ки бояд аз ҷониби сохторҳои марбута муддати солҳои эълоншудаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ шаванд.

Дар чорабиниҳо аз ҷумла таҳияи барномаҳо оид ба рушди ин самтҳо, таъсиси марказҳо, баргузории конфронсу семинар, озмун ва дигар тадбирҳо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.