Намоишгоҳи хусусии оилаи рассомон дар Душанбе

Дар галереяи намоишгоҳии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон имрӯз маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии оилаи рассомон Саодат Боронова ва Меҳриддини Абдусаид таҳти унвони “Сарчашмаи илҳом” баргузор мешавад. Ҳамсарон соли 2010 Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва соли 2014 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро хатм кардаанд. Саодат иштирокчии як қатор намоишгоҳҳои махсуси марбут ба ҳунармандии занон […]

Asia-Plus

Дар галереяи намоишгоҳии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон имрӯз маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии оилаи рассомон Саодат Боронова ва Меҳриддини Абдусаид таҳти унвони “Сарчашмаи илҳом” баргузор мешавад.

Ҳамсарон соли 2010 Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва соли 2014 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро хатм кардаанд. Саодат иштирокчии як қатор намоишгоҳҳои махсуси марбут ба ҳунармандии занон буда, расмҳои Меҳриддин дар намоишгоҳҳои Қатар ва Кувейт ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии “Сарчашмаи илҳом” ба муносибати Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ, ходимони маъруфи санъату фарҳанги кишвар, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд.

Дастандаркорони чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандонро, ки ба ҳунари рассомӣ бетараф нестанд, ба намоишгоҳ даъват мекунанд. Маросими ифтитоҳ имрӯз, 5 апрел соати 17 дар толори намоишгоҳи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 89, рӯбарӯи “Зинат”) оғоз мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.