Балҷувон: садамаи марговар ҷони 6 нафарро рабуд

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Балҷувон 6 нафар, аз ҷумла ронанда ҳалок шуда, боз 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 8 апрел ронандаи автомашинаи “Урал” Шарофиддин Шовалии 28-сола ҳангоми ҳаракат бо таллу теппаҳое, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз деҳаи Сари Мазор ба […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Балҷувон 6 нафар, аз ҷумла ронанда ҳалок шуда, боз 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 8 апрел ронандаи автомашинаи “Урал” Шарофиддин Шовалии 28-сола ҳангоми ҳаракат бо таллу теппаҳое, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз деҳаи Сари Мазор ба самти ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи мазкур дар деҳаи Дошмандӣ, ҳангоми баромадан ба баландии теппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафо ҳаракат менамояд, ки дар натиҷа воситаи нақлиёт чаппа мешавад.

“Автомашина чаппа шуда, мусофирони дар бордони он қарордошта, сокинони Балҷувон – Зариф Саъдиеви 69-сола, Эмомалӣ Ҳафизови 61-сола, Шамъигул Воҳидоваи 63-сола, ҳамчунин Мирзохон Неъматов ва Муродали Назаров, ҳарду 67-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, боз 9 тани дигар – Саидов Исуф, Сайрамбии Шариф, Ибодати Абдураҳмон, Носиров Ҷамолиддин, Муҳаббатов Солеҳ, Маҳмадиев Марзон, Саидова Сабоҳат, Давлатзода Ҷӯрахон ва Ойиша Ҷумъахони 5-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.