Таъини санаи маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президенти Қазоқистон

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 9 апрел эълом кард, ки дар ин кишвар 9 июни соли ҷорӣ интихоботи ғайринавбатии президентӣ барпо хоҳад шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 март эълом кард, ки аз мақомаш канор меравад. Сарфи назар аз он ки вай дигар президент нест, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 9 апрел эълом кард, ки дар ин кишвар 9 июни соли ҷорӣ интихоботи ғайринавбатии президентӣ барпо хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 март эълом кард, ки аз мақомаш канор меравад. Сарфи назар аз он ки вай дигар президент нест, аммо Шӯрои амнияти Қазоқистон ва ҳизби ҳокими "Нур Отан"-ро роҳбарӣ мекунад.

Гуфта мешавад, Қосимҷомарт Тоқаев санаи 20 март ба ҳайси президенти муваққат савганд ёд кард.

Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон раиси порлумони он кишвар интихоб шуд. Номзадии ӯро ба мақоми раисӣ Тоқаев пешниҳод кард. Коршиносон мегӯянд, Назарбоева яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми президентии Қазоқистон аст.

Зикр мегардад, ки Тоқаеви 65-сола, сарвазири пешин ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, 20 марти соли ҷорӣ президенти муваққати кишвараш таъйин шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.