Футболбозони навраси тоҷик ба Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» соҳиб шуданд

Мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) соҳиб шуданд. Мусобиқа дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ),  вохӯрии даври охирини мусобқаро бо тими мунтахаби Чин футболбозони тоҷик мусовӣ – 0 бар […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) соҳиб шуданд. Мусобиқа дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ),  вохӯрии даври охирини мусобқаро бо тими мунтахаби Чин футболбозони тоҷик мусовӣ – 0 бар 0 анҷом доданд.

Дар ду бозии аввали ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 8 бар 0 ва Мянмаро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб карда буданд.

Гуфта мешавад, дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» супурда шуд.

Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров – беҳтарин дарвозабон, ҳамлагари навраси тоҷик Абдуфаатоҳ Худойдодзода – беҳтарин ҳуҷумкунанда, узви дастаи Тоҷикистон Муҳаммадворис Сайдалиев бо 4 тӯб беҳтарин нишонзани мусобиқа дониста шуданд.

Иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 барои футболбозони навраси тоҷик мебошад, ки моҳи сентябр баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.