Чӣ гуна метавон ба мушкили “облава” хотима бахшид?

Ҳамасола дар ҷомеаи мо ду маротиба мушкиле бо номи “облава” рӯйи кор меояд, ки дар ҷараёни он ҷавонони синнусоли мувофиқ ба даъват дар кӯчаву аз хонаҳояшон маҷбурӣ дастгир шудаву ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Акнун баъзан ба ин кор кормандони милитсия низ ҷалб мешаванд, ки ба обрӯву нуфузи ин ниҳод дар ҷараёни ислоҳоти пешбинишуда зиён […]

Наим Халимов

Ҳамасола дар ҷомеаи мо ду маротиба мушкиле бо номи “облава” рӯйи кор меояд, ки дар ҷараёни он ҷавонони синнусоли мувофиқ ба даъват дар кӯчаву аз хонаҳояшон маҷбурӣ дастгир шудаву ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

Акнун баъзан ба ин кор кормандони милитсия низ ҷалб мешаванд, ки ба обрӯву нуфузи ин ниҳод дар ҷараёни ислоҳоти пешбинишуда зиён меорад. Сабаби асосии ба ин кор даст заданро шахсони ваколатдор ҳамеша чунин шарҳ медиҳанд, ки “бидуни ин кор мо нақшаи даъватро иҷро карда наметавонем”.

Аммо роҳи ҳалли мушкил вуҷуд дорад. Бигзор пешниҳод нав набошад ҳам, ин роҳи пурсамартарини ҳаллу фасли масъала аст: барои касоне, ки хизмат кардан намехоҳанд, пардохтпулии расмиро барои озод шудан аз он ҷорӣ кардан зарур аст.

Бояд ҳама (ба ҷуз шахсоне, ки тибқи қонун аз хизмати ҳарбӣ озоданд) барои озод шудан аз хизмати ҳарбӣ пул пардохт кунанд. Яъне дохил шудан ба мактаби олӣ набояд шахсро аз хизмати ҳарбӣ озод намояд. Лекин ҳамаи маблағи ҷамъшуда аз ин пардохтпулиҳо бояд танҳо барои касоне истифода шаванд, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд.

Барои мисол:

Бигӯем, ки агар соли 2019 аз ҳисоби шахсоне, ки хизмат кардан намехоҳанд, 100 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. Соли 2020 ба хизмат даъват кардани 15 ҳазор нафар зарур аст. Зимни даъват эълон мешавад, ки ба касоне, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, 6500 сомонӣ пул дода мешавад. Зиёд бовар дорам, ки агар ин пурра (100%) набошад ҳам, ба таври назаррас ин мушкилро ҳал мекунад.

Натиҷаҳои зерин ҳосил мешавад:

– амалҳои коррупсионӣ кам мешаванд;

– ҷавонон ҳар сол ду маротиба пинҳон нашуда, бемалолу озодона ба кори худ (таҳсил, кор ва ғайра) машғул мешаванд;

– ҳавасмандсозии иловагӣ барои шахсоне, ки хизмат мекунанд. Таъминоти беҳтар;

– ва дар ниҳояти кор хотима ёфтани мушкили нанговаре чун “облава”.

Касе шояд бигӯяд, ки ин қобили қабул нест ва дар ин сурат танҳо фарзандони шахсони дорову сарватманд аз хизмат озод мешаванд. Хайр, чизе нест, ҳозир чӣ миқдор чунин шахсон фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд? Шахсони доро бо ин ё он восита фарзандони худро аз хизмат “эмин нигоҳ медоранд”, лекин пул ба ҷойи дигар меравад. Пас ҳадди ақал, бигзор афроди дигари мушаххас даромад гирад.

Албатта, нафароне, ки ҳар сол аз ҳисоби фурӯхтани билетҳои ҳарбӣ, “корношоям” эътироф кардани даъватшавандагони солим, дастгир ва пулгирӣ барои ҷавоб додан даромади хуб мегиранд, мухолифи ин пешниҳоданд. Лекин боз соли 2020 фаро мерасаду ҷавононро рӯирост дар кӯчаҳо “медузданд”. Ин шармовар буда, лоиқи давлату мардуми мо нест.

Охири моҳи апрел дар Facebook навори видеое нашр шуд, ки дар он ду ҷавонро боздошта, мехоҳанд, ки онҳоро ба мошин савор кунанд. Муаллиф ва шоҳидони ҳодиса изҳор доштанд, ки ин ба қавле “облава”, яъне аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ маҷбурӣ боздоштану ба хизмати ҳарбӣ равон кардани ҷавонон мебошад.

Бо вуҷуди қариб дар тамоми васоити ахбори умум чоп шудани ин навори видео, ҳеҷ яке аз сохторҳои дахлдор онро расман шарҳ шарҳ надоданд.

Ба санаи 13 майи соли равон нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 88% иҷро шудааст. Нишондиҳандаҳои иҷрои нақша чунинанд: дар ВМКБ – 103%; шаҳри Душанбе – 100%; вилояти Суғд – 87%; ноҳияҳои тобеи марказ – 87% ва вилояти Хатлон – 86%. Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ 1 апрел оғоз гардида, то 31 май идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.