Идомаи тамоили афзоиши воридот ва коҳиши содирот

Бино ба маълумоти Агенти омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми чор моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1 млрд. 15 млн. доллар молу маҳсулот ворид шудааст. Ҳаҷми содирот дар ин давра ҳамагӣ наздики 320 млн. долларро ташкил додааст, ки беш аз се баробар аз содирот зиёдтар аст. Ҳамин тариқ, тамоили афзоиши воридоти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агенти омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми чор моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1 млрд. 15 млн. доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Ҳаҷми содирот дар ин давра ҳамагӣ наздики 320 млн. долларро ташкил додааст, ки беш аз се баробар аз содирот зиёдтар аст. Ҳамин тариқ, тамоили афзоиши воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон ва баръакс коҳиши содирот идома дорад.

Тӯли моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар ба маблағи беш аз 51 млн. доллар афзуда (5,3% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), содироти маҳсулот аз кишвар бошад, қариб 12 млн. доллар ё худ ба андозаи 3,6% коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон дар ин давра  ба 695 млн. доллар баробар шуд.

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми чор моҳи соли равон дар маҷмӯъ беш аз 3,1 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 3,1% ё худ қариб 40 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ апрели соли 2019 Тоҷикистон бо 97 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Россия (муомилоти дуҷониба – 332 млн. доллар), Қазоқистон (277 млн. доллар) ва Чин (180 млн. доллар) маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.