Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷии СҲШ ва СААД

Дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон санаи 22 майи соли равон ҷаласаҳои Шӯроҳои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардиданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори ин ҷаласаҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. Гуфта мешавад, роҳбарони […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон санаи 22 майи соли равон ҷаласаҳои Шӯроҳои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори ин ҷаласаҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Гуфта мешавад, роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳузур пазируфт.

Нимаи аввали рӯз ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ барпо гардид, ки дар доираи он тарафҳо рафти татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагиро ба иҷлосияи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суханронии Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳо дар доираи СҲШ баён гардида, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ қайд карда шуданд.

Нимаи дуюми рӯз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок кард.

Пас аз вохӯрӣ бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД масоили доғи соҳаи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар доираи Созмон ва дар арсаи байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи давлатҳои аъзои СААД-ро муҳокима намуданд.

Зикр мегардад, ки дар рафти суханронӣ зимни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз дошта, аз ҷумла ба вазъи ноором дар марзҳои ҷанубии минтақаи таҳти масъулияти СААД, махсусан дар ҳамсоякишвари Афғонистон ишора кард.

Ӯ ҳамчунин кӯшишҳои муштаракро ҷиҳати муборизаи самарабахш бо терроризм ва экстремизм, кам кардани таҳдидҳое, ки аз марзҳои ҷанубии Созмон сар мезананд, заруру арзёбӣ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.