Бонки ҷаҳонӣ барои беҳбуди обтаъминкунии Душанбе 30 млн. доллар маблағ медиҳад

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта кумаки бебозгаштро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 30 млн. доллар барои беҳтар кардани зерсохтори обтаъминкунии шаҳри Душанбе тасдиқ намуд. Грант ба амалисозии лоиҳаи дахлдор дар ин хусус аз ҳисоби воситаҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) пешниҳод мешавад, хабар дода мешавад дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ. Боз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта кумаки бебозгаштро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 30 млн. доллар барои беҳтар кардани зерсохтори обтаъминкунии шаҳри Душанбе тасдиқ намуд.

Грант ба амалисозии лоиҳаи дахлдор дар ин хусус аз ҳисоби воситаҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) пешниҳод мешавад, хабар дода мешавад дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ.

Боз 2 млн. доллари дигарро барои амалисозии лоиҳаи мазкур мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷудо мекунад.

Мувофиқи таҳқиқоти чанде қабл доиргардида, 98% хонаводаҳои Душанбе ба сарчашмаҳои хуби об дастрасӣ доранд, лекин дар ҳамин ҳол, вақти эҳтиёҷ доштан ба об, танҳо 65%-и аҳолӣ ба он дастрасӣ доранд. Бо сабаби зербинои кӯҳнаву фарсуда, талафоти об хеле назаррас буда, ба иншоот аксар вақт хизматрасонӣ сурат намегирад.

Лоиҳаи нав дар ноҳияи Синои пойтахт – ноҳияи бузургтарини шаҳри Душанбе бо аҳолии наздики 350 ҳазор нафар амалӣ мешавад.

Таъкид мешавад, ки лоиҳа ба таҳкими имконоти ниҳодӣ бо шумули идоракунии молиявии КВД “Обу корези Душанбе” кумак мекунад.

Дар доираи лоиҳа бо мақсади сарфаи об насби обҳисобкунакҳои маишӣ низ маблағгузорӣ мешавад, ки ба ин қисмат лоиҳае низ илова хоҳад шуд, ки аз ҷониби Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ шудаву  ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти КВД “Обу корези Душанбе” нигаронида шудааст.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби лоиҳа барномаи афзалиятноки сармоягузории ҳукумат оид ба барқарор ва таъмиру навсозии шабакаи обтаъминкунии Душанбе, ки 150 млн. доллар арзёбӣ мешавад, низ дастгирӣ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.