Дар деҳоти Тоҷикистон 37 бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар деҳоти Тоҷикистон 37 муассисаҳои нави кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ сохта мешавад, ки 20-тои онҳо аллакай ба истифода дода шуда, боз 17-тоаш мавриди сохтмон қарор дорад. Ин муассисаҳо дар 9 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд, ҳамчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати тандурустӣ ва […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар деҳоти Тоҷикистон 37 муассисаҳои нави кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ сохта мешавад, ки 20-тои онҳо аллакай ба истифода дода шуда, боз 17-тоаш мавриди сохтмон қарор дорад.

Ин муассисаҳо дар 9 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд, ҳамчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои Фархору Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Файзобод ва Ишкомшим бунёд карда мешаванд.

Барои амалисозии лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди трастии натиҷаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ 33 млн. доллар маблағ ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, бо омӯзонидани кормандони тиб, сохтмон ва ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ ва аз ҳама муҳим, бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ва ҳавасмандгардонии пулии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои беҳтар тавассути равиши «маблағгузории натиҷаи фаъолият», лоиҳа ба боло бурдани сатҳи фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.