Бунёди даҳҳо иншооти нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷумҳурӣ бунёди даҳҳо иншооти нави сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба нақша гирифта шудааст. Иншшот дар доираи амалисозии Нақшаи чорабинҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон се соли наздик сохта мешавад. Дар ҷаҳорчӯби нақша сохтмони осоишгоҳ (санатория) ва меҳмонхона бо зербинои зарурӣ барои 1100 нафар дар соҳили “Баҳри тоҷик” дар шимоли кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар ҷумҳурӣ бунёди даҳҳо иншооти нави сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба нақша гирифта шудааст. Иншшот дар доираи амалисозии Нақшаи чорабинҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон се соли наздик сохта мешавад.

Дар ҷаҳорчӯби нақша сохтмони осоишгоҳ (санатория) ва меҳмонхона бо зербинои зарурӣ барои 1100 нафар дар соҳили “Баҳри тоҷик” дар шимоли кишвар дар назар аст.

Дар шаҳри Хуҷанд меҳмонхона бо майдонҳои варзишӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар шаҳри Бохтар маҷмааи чорошёнаи сайёҳӣ қомат меафрозанд.

Ғайр аз ин, дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бунёди дармонгоҳи “Оби Зам-Зам” пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин таъмиру навсозии кӯли Варзоб ва сохтмони иншооти иловагӣ дар маҷмааи истироҳату лижаронии “Сафед-Дара” ба нақша гирифта шудааст.

Илова бар ин, дар осоишгоҳи “Зумрад” сохтмони иншооти иловагӣ барои қабули 650 нафар дар як вақт, ҳамчунин бунёди иншооти иловагӣ дар осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ” ва “Сатурн” низ дар назар аст.

Дар минтақаи сайёҳии Сари Хосор, воқеъ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон меҳмонхона ва маҷмааи сайёҳӣ сохта мешавад. Дар ноҳияи Данғара сохтмони меҳмонхонаи 11-ошёна бо тамоми шароитҳои муосири хизматрасонӣ ва дар ноҳияи Дарвоз бунёди меҳмонхона барои сайёҳони шикорчӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин сохтмони меҳмонхонаҳо ва маҷмааҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳрҳои Ваҳдату Роғун низ ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, рушди зербинои ёдгориҳои таърихӣ ва макони сайёҳӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ пешбинӣ шудааст. Дар ин ду вилоят ҳамзамон зербинои сайёҳии назди роҳи мошингард дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон эълон шудааст.

Бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноке шуморида мешавад, ояндаи онро хуб арзёбӣ мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли гузашта 1 млн. 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2017 – 2,6 баробар бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.