«Ҳафтаи бизнес барои бонувон» дар Кӯлоб бо дастгирии Tcell!

Аз 17 то 21 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб “Ҳафтаи бизнес барои бонувон”, ки бо ибтикори American Space Kulob ва пуштибонии ширкати мухобиротии Tcell сурат мегирад, доир хоҳад шуд. Тӯли як ҳафта беш аз 20 зани маҳаллӣ аз Кӯлоб асосҳои тиҷорат, ояндабинӣ (банақшагирӣ), рушд ва пешбурди бизнеси инфиродиро дар ин ҳамоиш меомӯзанд. Ширкати телекомуникатсионии […]

Иттилоияи расмӣ

Аз 17 то 21 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб “Ҳафтаи бизнес барои бонувон”, ки бо ибтикори American Space Kulob ва пуштибонии ширкати мухобиротии Tcell сурат мегирад, доир хоҳад шуд. Тӯли як ҳафта беш аз 20 зани маҳаллӣ аз Кӯлоб асосҳои тиҷорат, ояндабинӣ (банақшагирӣ), рушд ва пешбурди бизнеси инфиродиро дар ин ҳамоиш меомӯзанд.

Ширкати телекомуникатсионии Tcell, яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) буда, ҳамчун анъана чорабиниҳои марбути рушди соҳаи соҳибкорӣ, тиҷорат ва иқтисодиёти кишварро дастгирӣ менамояд. Барои Tcell дар ин росто ҳадафи асосӣ- муттаҳидсозии одамон ва аъзои ҷомеъа буда, бо ин васила саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт маҳсуб мегардад. 

Дар «Ҳафтаи бизнес барои занон» дар Кӯлоб бештар аз 20 бонуи минтақа ширкат хоҳанд кард: миёни онҳо соҳибхоназанон, намояндагони тиҷорати хурду миёна ва донишҷӯён низ ҳастанд. Тайи як ҳафта иштирокдорони нишаст дарси асосҳои соҳибкориро аз Мактаби тиҷоратии “55 Group” гирифта, донишҳои худро дар ин ҷода тақвият медиҳанд.   Мавзӯоти аслии омӯзишӣ дар курс- тарҳрезӣ, роҳандозӣ ва банақшагирии тиҷорат буда, тарзи тарғиби молу коло дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути диҷитол ва василаҳои ҷадиди онлайниро дар бар мегирад. 

Баъди ба анҷом расидани “Ҳафтаи бизнес барои бонувон” дар Кӯлоб иштирокчиён метавонанд нақшаи тиҷорату соҳибкории худро таҳия карда, тарзи татбиқи онро тавассути абзорҳои мушаххас нишон диҳанд.   

Мавқеъи занон дар ҷомеъа сол аз сол бештар гардида, аҳамияти зиёдро ба худ касб мекунад: бонувон бештар тарзи ҳаёти солимро пеша карда, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар саҳми боризи худро мегузоранд. Онҳо бо ин роҳ ба пешрафти кишвар дар ҳама бахшҳо ёрии худро дареғ намедоранд.

Tcell – ширкати масъулияти иҷтимоидошта аст ва бар пояи роҳбурди корӣ (стратегия)-и худ имкониятҳои навро барои бонувон муҳайё сохта, барои тақвияти нақши онҳо дар ҷомеъа мусоидат менамояд. 

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.