Табиби истаравшанӣ тифли навзоди духтарро 3 ҳазор ва писарро 10 ҳазор сомонӣ “нарх гузошт”

Сардухтури хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан Юнусҷон Раупов ба шаҳрванд Нилуфар Файзуллоева, ки барои гирифтани кӯдак аз хонаи кӯдакон дар навбат буд, мусоидати худро ба гирифтан кӯдаки ҷинсаш зан пешниҳод мекунад. Барои ин хизмати худ сардухтур аз Файзуллоева 3 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Гуфта мешавад, баъди чанде […]

Сардухтури хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан Юнусҷон Раупов ба шаҳрванд Нилуфар Файзуллоева, ки барои гирифтани кӯдак аз хонаи кӯдакон дар навбат буд, мусоидати худро ба гирифтан кӯдаки ҷинсаш зан пешниҳод мекунад.

Барои ин хизмати худ сардухтур аз Файзуллоева 3 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, баъди чанде ӯ аз Файзуллоева барои фарзандхонд кардани акнун писарча боз 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб мекунад.

Сардухтур ҳангоми гирифтани маблағи 5 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. Нисбати ӯ дар мақомоти прокуратураи маҳалли мувофиқи моддаи “қаллобӣ”-и КҶ Тоҷикистон парвнадаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суди шаҳри Истаравшан ӯ ба маблағи 18 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.