Соли оянда Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти моли хориҷиашро то ба 5 млрд. доллар расониданист

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”, ки таҳияаш дар арафаи анҷомёбист, пешбинӣ мешавад, ки соли оянда ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар 4 млрд. 836 млн. долларро ташкил хоҳад дод. Тавре ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тибқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, соли 2021 ҳаҷми […]

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”, ки таҳияаш дар арафаи анҷомёбист, пешбинӣ мешавад, ки соли оянда ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар 4 млрд. 836 млн. долларро ташкил хоҳад дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тибқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, соли 2021 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 5 млрд. долларро ташкил дода, соли 2022 ба 5,3 млрд. доллар мерасад.

Таҳиягарони лоиҳаи буҷет пешбинӣ мекунанд, ки маблағи умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар соли 2020  – ба наздики 1,3 млрд. доллар ва воридот – ба 3,5 млрд. доллар баробар мешавад.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 136,9 млн. доллар (афзоиш – 3,8%), аз ҷумла содирот – 570,6 млн. доллар ва воридот 1 млрд. 566,3 млн. доллар (афзоиш – 2,3%)-ро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".