Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Қайроққум ҳусни оғоз бахшид

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иттилоъ дода шуд, ки таҷдиди асосии нерӯгоҳи “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад. Зикр гардид, ки давоми 63 […]

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иттилоъ дода шуд, ки таҷдиди асосии нерӯгоҳи “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад. Зикр гардид, ки давоми 63 соли фаъолият нерӯгоҳ зиёда аз 40 миллиард киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Зимни мулоқот бо ҳайати кормандони нерӯгоҳ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки баъди анҷоми корҳои муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика то соли 2023 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид.

Гуфта мешавад, аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди НБО “Қайроққум” Роҳбари давлат ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа Консортсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд пешниҳод кард.

Зимнан зикр мегардад, ки бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди НБО Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати нерӯгоҳ аз 21 мегаватт то наздики 30 ва дар маҷмӯъ тавононии нерӯгоҳ аз 126 мегаватт то ба  мегаватт расонида мешавад. Маблағи зарурӣ барои амалисозии лоиҳаи мазкур 196 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад ва дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".