ВКД: “Хӯҷа-командир” дер ё зуд назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт

“Рӯзе фаро мерасад, ки собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии пешинаи Тоҷикистон Хӯҷа Каримов назди қонун барои кирдорҳои содиркардааш замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷавоб хоҳад гуфт”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Дар ҳамин ҳол, ӯ иброз дошт, ки маълумоти чанде аз ВАО-ро дидааст, ки мувофиқи онҳо, гӯё рӯзи 22 август ҳукуматдорони […]

“Рӯзе фаро мерасад, ки собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии пешинаи Тоҷикистон Хӯҷа Каримов назди қонун барои кирдорҳои содиркардааш замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷавоб хоҳад гуфт”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ иброз дошт, ки маълумоти чанде аз ВАО-ро дидааст, ки мувофиқи онҳо, гӯё рӯзи 22 август ҳукуматдорони Амороти Муттаҳидаи Араб Х.Каримовро аз ҳабс озод кардаанд.

“На тариқи воситаҳои расмӣ ва на тариқи Интерпол ба мо чунин маълумот нарасидааст. Тоҷикистон саривақт  ҳамаи маълумоти заруриро оид ба истирдоди Каримов ба Душанбе ба Дубай фиристод”, – қайд кард номбурда.

Дар фарҷом ӯ таъкид дошт, ки “мисли ҳама гуна ҷинояткор Х.Каримов ба курсии айбдорӣ хоҳад нишаст, барои ин  вақт зарур аст”.

Ёдрас мекунем, ки собиқ фармондеҳи Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Хӯҷа Каримов, бештар маъруф бо лақаби “Хӯҷа-командир” охири соли 2008 тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда буд.

Он замон Тоҷикистон ба кишварҳои узви Интерпол муроҷиат карда, дархост намуд, ки дар ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди собиқ фармондеҳи саҳроии гумонбар ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо аз қабили куштор, таммаъҷӯӣ, ғоратгарӣ мусоидат намоянд.

Моҳи ноябри соли 1998 ӯ дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ дар ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағой Шукуров айбнома пешниҳод гардида, лекин баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".