Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ

Байни Тоҷикистону Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ин Созишномаро аз номи Тоҷикистон Сарвари КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Вазири давлатӣ дар умури мубориза бо офатҳои табиӣ ва масоили башардӯстии Агентии миллии идораи […]

Байни Тоҷикистону Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ин Созишномаро аз номи Тоҷикистон Сарвари КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Вазири давлатӣ дар умури мубориза бо офатҳои табиӣ ва масоили башардӯстии Агентии миллии идораи офатҳои Афғонистон ҷаноби Наҷиб Ака Фаҳим имзо карданд.

Ёдрас мешавад, ки доштани марзи тӯлонии муштарак Тоҷикистон ва Афғонистонро беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун таҳрик медиҳад. Аз ҷумла, дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ду мамлакат беш аз ҳар вақти дигар ба кумаки ҳамдигар ниёз доранд.

Зеро ин ду кишвар иқлими шабеҳ ба ҳамдигар доранд. Тоҷикистон метавонад дар омодасозии мутахассисон ва бозомӯзии кадрҳои идораҳои наҷоти Афғонистон ба ин кишвар кумак расонад.

Санаи 25 декабри соли 2018 дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш» миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ дар моҳи сентябри соли 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон  ҷаласа оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни  КҲФ ва МГ-и назди ҳукумати ҶТ ва Раёсати Миллии Ҷумҳурии Афғонистон оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, дар он нишаст сарвари ҳайати Афғонистон, ҷонишини вазири Вазорати миллии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ҳайдарӣ  зимни суханронии худ ба муҳим ва зарурӣ будани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ таъкид намуда, аз ҷумла гуфта буд:

“Мо ба бародарони тоҷики худ барои ин гуна ҳамкориҳо изҳори ташаккур мекунем, чун иқлими Афғонистон ба иқлими Тоҷикистон хеле шабеҳ аст, кишвари мо ва кишвари шумо бастаи офатҳои табиианд.  Мо дар масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ба кумак ва дастгирӣ низ ниёз дорем”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".