Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад; – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ доир мегардад; – Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ […]

АНОНС

– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;

– Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба тамошои балети “Чиполлино”-и К.Хачатурян даъват мекунад. Оғоз соати 11:00;

– Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ дар Қазоқистон паҳлавонони тоҷик ба қувваозмоиҳои худ идома медиҳанд;

– Дар даври сеюми мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол дар гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо дастаи Кувейт бозӣ мекунад;

– Дар даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозиҳои зерин баргузор мешаванд: “Хатлон” – “Истиқлол”; “Истаравшан” – КМВА “Помир”, “Кӯктош” – “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” – “Панҷшер”. Оғози бозиҳо соати 16:00.      

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6889 сомонӣ;

1 евро – 10.6820 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1508 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Дар Душанбе ҷашнвораи «Фазои иттиҳод» баргузор шуд.

2018 — Дар Хоруғ нахустин дармонгоҳ (клиника)-и хусусӣ ифтитоҳ гардид.

2018 — Дар бораи бародаршаҳр шудани шаҳрҳои Душанбе ва Тсиндаои Чин Эъломия ба имзо расид.

1912-1996 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мусиқинавоз Мирзоқурбон Солиев.

1934 – Мавлуди журналист Чоршанбе Мамадсаидов.

1937 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаю математика, профессор Саид Аҳмадов.

 1950 – Мавлуди математик, профессор Абдурасул Сатторов.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Зиёратшо Акобиров.

1960 – Мавлуди шоир Равшан Ҳамроҳ.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.