Корманди ВКД барои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 30 ҳазор доллар “дархост кард”

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар порагирӣ корманди хадамоти давлатии муҳофизаи ВКД-и кишвар Анвар Саидовро боздошт карданд. Бино ба иттилои дафтари матуботи Агентӣ, зимни фаъолият дар хадамоти зикршудаи ВКД моҳи август Саидов бо миёнаравии Болтухон Болтаев аз як шаҳрванд барои озод карданаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 30 […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар порагирӣ корманди хадамоти давлатии муҳофизаи ВКД-и кишвар Анвар Саидовро боздошт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи Агентӣ, зимни фаъолият дар хадамоти зикршудаи ВКД моҳи август Саидов бо миёнаравии Болтухон Болтаев аз як шаҳрванд барои озод карданаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 30 ҳазор доллар пул талаб кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин бора Агентии зиддифасод огоҳ ва дар натиҷа Анвар Саидов бо ҳаммаслакаш Болтухон Болтаев ҳангоми гирифтани қисмате аз маблағи эҳимолии пора дар ҳаҷми 15 ҳазор доллар боздошт шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 319 (Гирифтани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.