Дифоъи ҳомиёни ҳуқуқ аз фаъолдухтаре, ки видеои маҳрамонааш дар шабака нашр шуд

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ба пуштибонӣ аз як фаъоли ҷамъиятӣ садо баланд кард, ки моҳи сентябри имсол навори робитаи маҳрамонааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки шахсони ин навори маҳрамонаи наздикии зан бо мардеро дар шабака нашркарда ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин бора Радиои […]

Радиои Озодӣ

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ба пуштибонӣ аз як фаъоли ҷамъиятӣ садо баланд кард, ки моҳи сентябри имсол навори робитаи маҳрамонааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки шахсони ин навори маҳрамонаи наздикии зан бо мардеро дар шабака нашркарда ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" рӯзи 23-юми октябр гуфтааст, аризаи М.Д-ро Вазорати корҳои дохилӣ бе ягон шарҳи ҳуқуқӣ баррасӣ накардааст.

Ҳоло онҳо ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилӣ нома фиристодаанд, ки шарҳ диҳанд, чаро бо гузашти тақрибан ду моҳ аризаи ӯ баррасӣ нашудааст?

"Баррасӣ нашудани аризаи ӯ нигаронкунанда аст. Вай ҷасорат нишон дод, хомӯш наистод ва ба мақомот ариза навишт, вале баррасӣ нашудани аризааш суолбарангез аст. Дар шикоят ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон талаб карда шудааст, ба беамалии кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ин ариза баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва нафароне, ки хунукназарӣ кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо интизори ҷавоби расмӣ ҳастем, ки бар асоси қонун давоми 15 рӯз бояд дастрас шавад", – гуфтааст ӯ.

Навори маҳрамонаи М.Д. рӯзи 5-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Навор дар ҳудуди ҷамоати Ромити ноҳияи Ваҳдат сабт шудааст. Дар ШВКД-и шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки ариза ба маъмури милисаи вобаста ба ин ҷамоат супурда шудааст.

Фаррух Сайфуллозода, нозири милиса дар ШВКД-и Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳодиса хабар дорад, вале ҳеҷ кас аз ӯ таҳқиқи онро талаб накардааст.

Дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шарҳ надоданд, ки аризаи М.Д. дар кадом сатҳ баррасӣ мешавад ва чаро то ҳол парванда боз нашудааст?

«Ман дубора ба кормандони ВКД ҷойи сабти наворро нишон додам. Соҳиби манзиле, ки навор сабт шуда буд, ба суҳбат даъват карданд. Марде, ки худро ошиқи ман медонист ва дар навор рӯяш пӯшонида шудааст, мақомот медонанд. Ҳама чиз маълум аст, вале амал накардани онҳо маро якбора дар тарс нигаҳ медорад», – гуфтааст худи М.Д.

Ба гуфтаи М.Д., навори маҳрамонаи ӯ пас аз нашри мақола дар Радиои Озодӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ гум шуд, вале он боиси рехтани обрӯ ва зарбаи равонӣ шуд.

Қаблан Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик низ ба ҳимоя аз ҳуқуқи М.Д. бархоста буд. Ӯ мегӯяд, дар сурати ошкор нашудани ҷиноят, гумонҳое, ки ин кори дасти худи мақомот аст, аз гумон ба ҳақиқат табдил меёбанд.

Ин зан мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки чаро ва бо кадом ҳадаф навори маҳрамонаи ӯро дар интернет нашр карданд. Ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба ин, ки ин зан дар моҳи апрели имсол яке аз мухолифони боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон буд ва дар маъракаи ҷамъоварии имзо зидди ин тасмим иштирок кардааст, ӯро "қурбонӣ" ва нашри наворро "барқасдона" медонанд.

М.Д мегӯяд, ин мард ҳам талоши шинос шудан бо ӯро пас аз як моҳи он маърака кард. Ба ӯ гуфтааст, тоҷир аст, зан надорад ва мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад. Пас аз нашри навор ин мард "дастнорас" шуд, вале ба М.Д. маълум шуд, ки ӯ ҳамсар дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.