Таҷҳизоти нави лабораторӣ барои бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) таҷҳизоти лабораториро барои тақвияти низоми назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ тақдим кард. Чорабинӣ як қисми лоиҳаи ФАО мебошад, ки барои тақвияти муассисаҳо ва иқтидори хадамоти соҳаи кишоварзӣ ва байторӣ равона шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Маросими супоридани таҷҳизот […]

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) таҷҳизоти лабораториро барои тақвияти низоми назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ тақдим кард. Чорабинӣ як қисми лоиҳаи ФАО мебошад, ки барои тақвияти муассисаҳо ва иқтидори хадамоти соҳаи кишоварзӣ ва байторӣ равона шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Маросими супоридани таҷҳизот 12-уми ноябр дар Маркази миллии ташхиси Кумита дар Душанбе баргузор гардид.

Иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои беҳтар гардондани низоми назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ дар лабораторияҳои назоратии сарҳадии кишвар амалӣ шудааст. Ин ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода вокунишу омодагии беҳтар дошта бошанд ва хатарҳои марбут ба бехатарии озуқавориро коҳиш диҳанд. Таҷҳизот аз экспресс-анализаторҳои шир ва гӯшт, микроскопи флуоресентӣ, детектори радиатсия, тестери нитрат, термометри инфрасурхи дистансионӣ, термобокс, овоскоп ва ғайраҳо иборат мебошад.

Амнияти озуқаворӣ ва сифат торафт аҳамияти калон пайдо мекунад, зеро ба бозорҳои Тоҷикистон аз манбаъҳои гуногун маҳсулоти озуқаворӣ ворид карда мешаванд. Озмоиши лабораторӣ ҷараёни муҳимест, ки ба таҳлилу ташхис барои муайян кардани норасоии маҳсулоти ғизоӣ асос меёбад.

Он маълумоти таҳлилиро оид ба сифати маҳсулот ё раванди истеҳсолӣ бо мақсади дастгирии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ пешниҳод мекунад. Ҳадаф аз истифодаи таҷҳизоти мазкур муайян кардани олудагии ашёи хом ё ифлосшавӣ пас аз истеҳсол ва қабл аз фурӯши онҳо дар бозорҳо мебошад.

Тавре хонум Мэрилин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иброз дошт: “Таҷҳизот ва иқтидори кормандони лаборатория на танҳо барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон муҳим аст, балки ҳамчунин истеҳсолкунандагони тоҷикро барои мутобиқат ба талаботи бехатарии озуқаворӣ, масалан, барои содирот ба бозорҳои Аврупо дастгирӣ мекунад. Мо маҳсулоти бештар  аз Тоҷикистонро дар Аврупо истиқбол мекунем ва таъмини таҷҳизоти лабораторӣ қадами муҳим аст. Афзоиши содирот ба рушди иқтисодиёт мусоидат карда, сатҳи зиндагии мардуми деҳотро дар Тоҷикистон беҳтар мекунад”.

“Ин як қадами муҳими дастгирии мо ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мебошад. Ташаббуси мазкур дар доираи лоиҳае амалӣ мегардад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Бинобар ҷаҳонишавӣ ва тиҷорати байнулмилалӣ интиқоли маҳсулоти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ нақши хеле муҳим дорад. Аз ин сабаб таъсиси механизмҳои самараноки назоратӣ, ошкори саривақтӣ ва вокуниш барои пешгирӣ кардани хатарҳои эҳтимолӣ ба саломатии аҳолӣ ва таъсироти оқибатҳои иқтисодӣ муҳим аст”, – гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Ин фаъолият талошҳои ҳукуматро бобати эҷоди тавонмандии ташхисии лабораторияҳои миллӣ дар саросари кишвар барои ошкорсозӣ ва гузоришдиҳӣ дастгирӣ мекунад.

Бо амалисозии ин лоиҳа ФАО ва ИА интизор доранд, ки низоми мукаммалшудаи назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон беҳтар шуда, амнияти озуқаворӣ, некӯаҳволии мардум ва даромади хоҷагиҳои чорводорӣ баланд бардошта мешавад ва саломатии мардум ҳифз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.