Даъвати намояндагони Тоҷикистон ба сифати нозирон дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон роҳбарони КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, МТС Диловар Қодирзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ Умед Бобозода, вакили палатаи поёнии парлумон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ бо парлумони Ӯзбекистон Зуфар Исмоилзода ва сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимовро барои иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба парлумони Ӯзбекистон ба сифати нозирон даъват кардааст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон роҳбарони КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, МТС Диловар Қодирзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ Умед Бобозода, вакили палатаи поёнии парлумон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ бо парлумони Ӯзбекистон Зуфар Исмоилзода ва сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимовро барои иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба парлумони Ӯзбекистон ба сифати нозирон даъват кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ хабар дод, ба ҷуз ин Тоҷикистон намояндагонашро дар ҳайати нозирон аз ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ низ мефиристад, ки нимаи дуюми моҳи декабр ба Тошканд мераванд.

Интихоби вакилон ба Палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва кенгашҳои маҳаллӣ рӯзи 22-юми декабр баргузор мешавад.

Дар интихобот панҷ ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии "Миллий тикланиш", Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократӣ ва Ҳизби экологӣ иштирок мекунанд.

Ин маъракаи сиёсӣ дар соли 2019 бори нахуст мутобиқи Кодекси нави интихобот гузаронида мешавад. Мувофиқи он аҳзоби сиёсӣ ба пешбарии номзадҳо акнун натанҳо дар 135, балки ҳамаи 150 ҳавзаи интихоботӣ ҳуқуқ доранд.

Аз 20 млн. интихобкунанда 2 млн. нафарашон ҷавонон буда, ин интихобот барояшон аввалин аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.