“Барқи тоҷик” моҳи октябр аз фурӯши барқ ба хориҷа $3,6 млн. даромад гирифт

Содироти барқ аз Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 89 млн. доллар сурат гирифта Президенти ҶТ хабар медиҳад. Қобили зир аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, тайи нуҳ моҳ ба ҳамсоякишварҳо ба маблағи 85,4 млн. доллар нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Ҳамин тариқ, даромади ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳисоби фурӯши барқ ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Содироти барқ аз Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 89 млн. доллар сурат гирифта Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Қобили зир аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, тайи нуҳ моҳ ба ҳамсоякишварҳо ба маблағи 85,4 млн. доллар нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Ҳамин тариқ, даромади ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳисоби фурӯши барқ ба ҳамсоякишварҳо дар моҳи октябр беш аз 3,6 млн. долларро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон нерӯи барқро маъмулан ба Афғонистону Ӯзбекистон ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Қирғизистон содирот мекунад.

Соли равон Тоҷикистон ният дорад, ки дар маҷмӯъ наздики 3,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Дар сохторҳои энергетикии кишвар итминон дода буданд, ки бо оғози камбуди барқ дар Тоҷикистон, интиқоли он ба хориҷи кишвар қатъ хоҳад шуд. Аммо ҳанӯз моҳи октябр сокинони чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон аз реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба манзилҳояшон шикоят карда буданд.

Дар бораи мавҷуд набудани нерӯи барқ айни замон сокинони ноҳияҳои Рашт ва Панҷакент хабар медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати “Барқи тоҷик” маълумоти ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқро дар кишвар рад мекунанд.

Дар ин ширкат мегӯянд, ки барои таъмини пурраи ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ иқтидори кофӣ дар ихтиёр доранд.

Қатъи интиқоли барқро тайи моҳи ахир дар “Барқи тоҷик” ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ нисбат медиҳанд, ки мувофиқи маълумоти ширкат, барои гузаштан ба мавсими зимистон ногузир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.