Сафарбарии сарбозони “Алфа”-и КДАМ Тоҷикистон ба шикори гургон дар ВМКБ

Қарори ба шикори гургҳо сафарбар кардани воҳиди баргузидаи дастаи таъиноти махсус аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар вилоят қабул шудааст. Тавре хадамоти матбуоти раиси ВМКБ хабар медиҳад, як гурӯҳи ҷангиёни дастаи таъиноти махсуси “Алфа”-и КДАМ Тоҷикистон бо силоҳи махсуси шикорӣ ва дигар асбобу […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Қарори ба шикори гургҳо сафарбар кардани воҳиди баргузидаи дастаи таъиноти махсус аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар вилоят қабул шудааст.

Тавре хадамоти матбуоти раиси ВМКБ хабар медиҳад, як гурӯҳи ҷангиёни дастаи таъиноти махсуси “Алфа”-и КДАМ Тоҷикистон бо силоҳи махсуси шикорӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Ҷангиён барои нобуд кардани гургҳо дар қаламрави ҷамоатҳои Поршинев, Сучон, Навобод, Вер, Ванқалъа, Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, Тусиён, Роштқалъа, Қурбоншо Гадолӣ, Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додихудоев, Абдулвосеъи ноҳияи Рӯшон сафарбар шудаанд.

Бино ба маълумоти дастгоҳи раиси вилоят, дар як қатор ҷамоатҳои ВМКБ шумори гургҳо хеле зиёд шуда, онҳо ба амнияту саломатии аҳолӣ хатар эҷод мекунанд. Соли 2018 гургҳо ду сокини ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнонро кушта буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.