Ҳалокати 3 нафар дар садамаҳои нақлиёт

Давоми ду рӯзи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар манотиқи гуногуни кишвар 3 кас фавтида, 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 17-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғуломҷон Норови 31-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи сабукрав набаромада, пиёдагард Исроил Ғуломови 18-солаи сокини шаҳри Ҳисорро пахш […]

Давоми ду рӯзи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар манотиқи гуногуни кишвар 3 кас фавтида, 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 17-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғуломҷон Норови 31-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи сабукрав набаромада, пиёдагард Исроил Ғуломови 18-солаи сокини шаҳри Ҳисорро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз ронандаи мошини «Мерседес-Бенс» Мақсудҷон Ҳамроҷонов ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Собирҷон Ҷамолиддинов бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофир Шаҳло Низомиддинова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бистарии дармонгоҳ шудаанд. Дар беморхона ронанда Ҳамроҷонов аз ҷароҳатҳои бардошта фавтидааст.

Рӯзи 16-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Леганзе” Мирқосимов Ҳасан ҳангоми ҳаракат аз маркази шаҳри Ҳисор ба самти деҳаи Турдибобо аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди нафақахӯр Ҳамроқул Зоҳидовро пахш кардааст. Дар натиҷа мӯйсафед аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.