Вазорати адлия: Қонун “Дар бораи авф…” ба хориҷиёни мавриди пайгард дахл надорад

Шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур дошта, ба гумони содир кардани ин ё он ҷиноят мавриди пайгард қарор доранд, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон авф карда намешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Ёдрас мекунем, ки вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр бо пешниҳоди сарвари давлат қонунеро […]

Шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур дошта, ба гумони содир кардани ин ё он ҷиноят мавриди пайгард қарор доранд, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон авф карда намешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ёдрас мекунем, ки вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр бо пешниҳоди сарвари давлат қонунеро қабул карданд, ки мувофиқи он, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандии ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар ҳузурдошта мавриди авф қарор мегиранд.

Қонуни қабулшуда танҳо ба шаҳрвандони кишварҳое дахл хоҳад дошт, ки дар ҳайати собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) буданд.

Дар давраи авф, ки 3 сол идома меёбад, ҳамаи хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандии дар қаламрави ҷумҳурии мо ғайриқонунӣ иқоматдошта бидуни тарсу ҳарос метавонанд ҳузури худро дар қаламрави Тоҷикистон қонунӣ кунанд.

“Нисбат ба шахсоне, ки дар вақти қонунӣ кардани ҳузурашон ба сохторҳои давлатии марбута дар бораи худ маълумоти нодуруст ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод месозанд, авф татбиқ намешавад”, – қайд карданд дар Вазорати адлия.

Ба гуфтаи манбаъ, авф ба шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, ки ба гумони даст доштан дар содир кардани ин ё он ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд, дахл нахоҳад дошт. Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба чунин хориҷиён барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар мусоидат кардаанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

“Шаҳрвандоне, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшуда аъзо мебошанд, авф намешаванд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар қонунгузории Тоҷикистон имрӯз барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар дар ҳаҷми аз 4 то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ихроҷи қонуншикан аз ҳудуди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Қонуншиканони ашаддӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ низ ҷалб шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.