Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Тошканд байни дастаҳои “Локомотив” (Тошканд) ва “Истиқлол” (Душанбе) бозии марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои КФО доир мегардад. Оғози бозӣ соати 15:00. – Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи 16-уми байнулмилалии “Кубок Развития-2020” дар Беларус бо тими Исроил бозӣ мекунад. – Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев идома […]

АНОНС

– Дар шаҳри Тошканд байни дастаҳои “Локомотив” (Тошканд) ва “Истиқлол” (Душанбе) бозии марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои КФО доир мегардад. Оғози бозӣ соати 15:00.

– Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи 16-уми байнулмилалии “Кубок Развития-2020” дар Беларус бо тими Исроил бозӣ мекунад.

– Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев идома дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6940 сомонӣ;

1 евро – 10.7487 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2000 — Дар Душанбе шумораи аввалини ҳафтавори «Азия-Плюс» ба нашр расид.

1920 — Зодрӯзи арбоби давлатӣ, раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Маҳмадулло Холов.

1924 — Даргузашти асосгузори аввалин давлати сотсиалистӣ дар ҷаҳон В.И.Ленин.

1941 — Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар саросари дунё имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайриоддӣ – Рӯзи байнулмилалии ба оғӯш гирифтан таҷлил мегардад. Ин рӯз бори нахуст соли 1986 дар ИМА ҷашн гирифта шуд. Мувофиқи анъанаи ҷашн дар ин рӯз ҳатто шахси ношиносро ба оғӯш гирифтан мумкин аст.

Ҳамасола рӯзи 21-уми январ дар Лаҳистон (Полша) Рӯзи бибиҳо ҷашн гирифта шуда, хурду калон бибиҳояшонро ба иди “касбиашон” табрик мекунанд. Ин ид аз соли 1964 ҷашн гирифта мешавад.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Рӯзҳои 21-25 январи соли ҷорӣ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад. Рӯзҳои 21-22 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар водиҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо боришот (борон, барф), ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11° хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 30-35 хунук, рӯзона 14-19° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, (дар ноҳияи Ҷиргатол то 14-16 хунук), рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот ( борон бо гузариш ба барф) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4 хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон бо гузариш ба барф) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 3+5° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 8-10° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.