Иршод Сулаймонӣ: “Азия-Плюс” – сутуни рӯзноманигории ҷиддии Тоҷикистон

“Азия-Плюс” ба 20-умин соли ҳузури пурифтихори худ дар майдони матбуоти тоҷик расид. Санае, ки дареғу дард теъдоди андаки расонаву нашрияҳои дигари Тоҷикистон ба он расиданд ё мерасанд. Ман дар ин чанд ҷумлаи шодбошии худ ба нуқсҳои ин нашрия ишора намекунам ва аз муваффақиятҳояш хоҳам гуфт. Сарфи назар аз баъзе гаройишҳои самтиву худмоние, ки ин нашрия […]

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор

“Азия-Плюс” ба 20-умин соли ҳузури пурифтихори худ дар майдони матбуоти тоҷик расид. Санае, ки дареғу дард теъдоди андаки расонаву нашрияҳои дигари Тоҷикистон ба он расиданд ё мерасанд.

Ман дар ин чанд ҷумлаи шодбошии худ ба нуқсҳои ин нашрия ишора намекунам ва аз муваффақиятҳояш хоҳам гуфт.

Сарфи назар аз баъзе гаройишҳои самтиву худмоние, ки ин нашрия доштаву дорад, яке аз расонаҳои муътабари Тоҷикистон аст. Ягона нашрияе, ки воқеан расона шуд ва ба сатҳи як мактаб расид. Расонае, ки ҳам аз нигоҳи рӯзноманигории ҳирфаӣ ва ҳам аз нигоҳи мудирият (менеҷмент) дар фазои расонаии Тоҷикистон муназзамтарин аст. Расонае, ки дар тайи ин ҳама сол тавониста барои худ бозор, мухотаб ва ҷуғрофиё бисозад. Нашрияе, ки муҳосиботаш ҷайби сармуҳаррираш нест. Ягона расонаест дар Тоҷикистон, ки ба маънои томи вожа посухгӯст (албатта бо дар назар гирифтани муҳит ва фазои мавҷуд дар Тоҷикистон).

Расонае дар Тоҷикистони ин шабу рӯз, ки ба усулитарин арзишҳои рӯзноманигорӣ, ҳирфаӣ ва башарӣ содиқ монда, ҳарчанд мисли нашрияҳои дигар муддаи сиёсӣ (тарафи муборизаи сиёсӣ) ва тағйироти иҷтимоӣ набуд, балки ҳамеша як тарҳи тиҷоратӣ будааст. Тиҷорати расонаие, ки ҳам ин нашрия мекунад, ба назари ман одилона ва ошкоро асту алорағми расонаҳои дигар арзишҳои ҳирфаиро ба муомила нагузоштааст!

Ҷойгоҳи ин нашрия дар таърихи матбуоти тоҷик бисёр муҳтарам хоҳад буд, хусусан, баъди самтгирии шармоваре, ки матбуоти тоҷик сӯйи он равон аст.

“Азия-Плюс” дар ин шабу рӯз ягона расонаест, ки дар маҳофили рӯзноманигории берун аз кишвар метавон бидуни шарм ҳам гуфт, ки мо низ расона дорем! Ин нашрияро мешавад сутуни росихи рӯзноманигории ҷиддӣ дар Тоҷикистон номид. Зер ҳам дар замоне, ки рӯйи кор омад, як расонаи босифати Тоҷикистон гардид ва ҳам баъдҳо ба рушду ниҳодина шудани рӯзноманигории босифат дар кишвари мо хидмат кард.

Ба далели русӣ будан ин нашрия камтар тавонист ба матбуоти тоҷикзабон (манзур нашрияҳое, ки дар замони рӯйи кор омаданаш буданд ва баъди таъсиси ин нашрия пайдову нопайдо шуданд) асаргузор шавад, вале агар як нашрияи тоҷикие бо ин сатҳу сифат медоштем, шояд матбуоти тоҷик мисли ҳозир дучори ин гуна сарафгандагӣ намешуд.

Ҳарчанд ин расона бо забони русист ва ин вежагӣ имкон дода, ки дар давраҳои гуногун самту сӯгириҳо ва баҳрабардориҳои сиёсие ҳам аз он шавад, аммо ин шонсро ҳам дорад, ки расонаи милии Тоҷикистон бошад! Ҳоло мегӯям, ки ин нашрия сутунмуҳраи рӯзноманигории ҷиддӣ ва босифат дар Тоҷикистон аст!

Ин санаро ба бунёдгузори муаддаб ва шоистаи нашрия – Умед Бобохонов ва ҳамайи онҳое, ки то ба ин сатҳ расидани “Азия-Плюс” содиқонаву имондорона заҳмат кашидаанд, табрик мегӯям.

Роҳатон дароз ва пурифтихоратар бод!

(Албатта, ин чанд ҷумлаи ман бештар шиормонанд садо додаанд, вале зиёд шиорӣ ҳам нестанд).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.