Ҷустуҷӯйи сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун

 “Сохтмони чунин иншооти бузург ба монанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо аз ҳисоби маблағгузории буҷет ғайриимкон аст”, – изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе. Ӯ қайд кард, ки айни замон оид ба ҷалби маблағҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд. “Шароитеро, ки чанде аз онҳо ба мо пешниҳод мекунанд, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

 “Сохтмони чунин иншооти бузург ба монанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо аз ҳисоби маблағгузории буҷет ғайриимкон аст”, – изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки айни замон оид ба ҷалби маблағҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

“Шароитеро, ки чанде аз онҳо ба мо пешниҳод мекунанд, омӯхта истодаем”, – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои ҷалбшуда аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматнок (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ аллакай пурра масраф шудааст.

“Масъалаи нашри нави коғазҳои қиматнок барои маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун алҳол баррасӣ намешавад”, – гуфт Қаҳҳорзода.

Вазир таъкид дошт, ки чун соли 2019 дар соли ҷорӣ низ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ 2,1 млрд сомонӣ маблағ равона мешавад.

“Барои тамоми иқтисоди кишвар ин иншооти хеле муҳим ба шумор рафта, баҳри анҷоми сохтмони он дар муҳлатҳои пешбинишуда давра ба давра маблағгузорӣ сурат мепазирад”, – қайд кард вазири молия.

Вазир тасдиқ кард, ки ҶСК “НБО Роғун”-и барои идомаи бунёди нерӯгоҳ таъсисёфта назди паймонкорон ва молрасонон қарздор аст.

“Ҷамъият ҳам дар қаламрави шаҳри Роғун ва ҳам дар дигар қисматҳои ҷумҳурӣ баъзе иншоот дар ихтиёр дорад, ки дар ҷараёни сохтмон дигар аҳаммияти худро гум кардаанд. Агар ин ё он иншоот минбаъд дар ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ истифода нашавад, беҳтараш онро фурӯхтан лозим аст, то ки қарзҳои мавҷуда қадре кам карда шаванд”, – афзуд Қаҳҳорзода.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январ директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода ба аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ки Ҷамъият назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ беш аз 1 млрд сомонӣ (103 млн доллар) қарздор аст.

Директори генералӣ гуфт, ки сохтмони иншооти нерӯгоҳ ба маблағгузории минбаъдаи устувор ниёз дорад.

Сафарзода пешниҳод кард, қисмате аз дороиҳои ҶСК “НБО Роғун”, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранду истифодаи онҳо аз рӯйи таъинот ғайриимкон мебошад, фурӯхта шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.