Кодекси нави андоз аз моҳи сентябри ҳамин сол мавриди амал қарор мегирад

Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав пас аз чанд рӯз – то 15-уми феврал омода мешавад. “Пеш аз фиристодани ин ҳуҷҷат ба ҳукумат, он бояд бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ бори дигар мавриди баррасии гурӯҳҳои корӣ қарор гирад”, – қайд кард вазир. Ба гуфтаи […]

Наим Халимов

Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав пас аз чанд рӯз то 15-уми феврал омода мешавад.

“Пеш аз фиристодани ин ҳуҷҷат ба ҳукумат, он бояд бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ бори дигар мавриди баррасии гурӯҳҳои корӣ қарор гирад”, – қайд кард вазир.

Ба гуфтаи ӯ, санади мазкур бояд то моҳи сентябри соли равон пурра омода гардад, то ки бар асоси он буҷет барои соли 2021 таҳия шавад.

Қаҳҳорзода таъкид дошт, ки зимни таҳияи санад гурӯҳи кории омодасозии лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки ба ҳайати он ҳамчунин мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ шомил гардида буданд, пешниҳодоти андозсупорандагон, аз ҷумла, бахши хусусиро ба инобат гирифтанд.

“Мо ба андозсупорандагон пешниҳод кардем, ки дар мавриди такмили қонунгузорӣ дар соҳаи андоз пешниҳодоти худро ба гурӯҳҳои корӣ фиристанд. Ҳамагӣ беш аз 500 пешниҳод гирифтем”, – иброз дошт вазир.

Ёдрас мекунем, моҳи майи соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шавад.

Аз қабули Кодекси андози ҳозира ҳамагӣ шаш сол сипарӣ шуда, он 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.