Дар Тоҷикистон хонадоршавӣ каму азҳампошии оилаҳо зиёд мешавад

Соли гузашта дар Тоҷикистон шумори азҳампошии оилаҳо афзуда, қайди ақди никоҳ кам шудааст. Сарвари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба рӯзноманигнорон иттилоъ дод, ки  дар муқоиса бо соли пешин шумори ақди никоҳ 4% кам шудааст: соли 2019 мақомоти САҲШ 79,2 ҳазор ақди никоҳи шаҳрвандонро сабт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои шаҳри Душанбе, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон шумори азҳампошии оилаҳо афзуда, қайди ақди никоҳ кам шудааст.

Сарвари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба рӯзноманигнорон иттилоъ дод, ки  дар муқоиса бо соли пешин шумори ақди никоҳ 4% кам шудааст: соли 2019 мақомоти САҲШ 79,2 ҳазор ақди никоҳи шаҳрвандонро сабт кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои шаҳри Душанбе, ки дар он 3,5% афзоиши сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, дигар дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон баръакси ин ҳолат мушоҳида мешавад.

Дар соли 2019 нисбат ба соли пешин теъдоди бекор шудани ақди никоҳ дар Тоҷикистон 13,7% зиёд шуда, 12,5 ҳазор оила ҷудо шудаанд. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар ВМКБ ба мушоҳида расида, дар ин ҷо 216 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки 38,5% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2018 мебошад.

Дар зинаи дуюм аз рӯйи ин нишондиҳанда шаҳри Душанбе қарор дорад, ки 2,3 ҳазор оила ақди никоҳашонро бекор кардаанд ва ин нишондиҳанда 30% бештар нисбат ба соли 2018 мебошад.

Тавре Ҳасанзода қайд кард, соли 2019 ба 1 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ 158 ҳолати бекор шудани он рост меояд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 133 ҳолат баробар буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.