Қурбон Ҳакимзода: Ҳамкории сохторҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимӣ бояд роҳандозӣ шавад

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 27-солагии Артиши миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар “дар иҷрои нақша ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем”. “Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло ҳам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонони синни даъват хуб […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 27-солагии Артиши миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар “дар иҷрои нақша ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем”.

“Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло ҳам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонони синни даъват хуб ба роҳ монда нашудааст. Дар раванди таълими ватандӯстии ҷавонон, ки як рукни асосии консепсияи миллии тарбия мебошад, ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, дар тарбияи миллии насли наврас ва бедор кардани ҳисси худшиносии ҷавонон саҳм дошта бошем. Дар ин самт бояд ҳамкорию ҳамоҳангӣ байни сохторҳои ҳарбӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш хуб ба роҳ монда шавад, зеро хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард аст”, – изҳор дошт раиси вилоят.

Ҳакимзода таъкид кард, ки баҳри омодабошии ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар корро дар муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда, дарсҳои ибтидоии ҳарбӣ самаранок гузаронида шавад.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Яке аз вазифаҳои дигари мо ин таъмини моддию техникӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани ҷузъу томҳои кишвар аст. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо техникаю таҳҷизоти замонавӣ таъмин гардида, қобилияти ҷангии он ба меъёрҳои байнулмилалӣ мувофиқ карда шудааст”.

Ба қавли ӯ, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамеша ба сохторҳои низомӣ кумаки худро мерасонанд.

“Ҳукумати вилояти Хатлон тибқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат дастгирии ҷузъу томҳои ҳудуди вилоятро яке аз самти кори худ дониста, вобаста бо имкониятҳои мавҷуда барои фароҳам овардани шароити мусоид чора меандешад. Аз ҷумла, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят ба сохторҳои низомии вилоят 50 гектар замин ҳамчун хоҷагии ёрирасон ва дар ду соли охир ба 100 нафар хизматчиёни сохторҳои қудратӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ду соли охир бо мақсади таъмиру барқарор кардани биною иншооти сохторҳои низомӣ, барои сохтмони кӯдакистон барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, сохтмони роҳҳо, кашидани хатти барқ ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва расонидани кумакҳои моддӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст”, – қайд кард Ҳакимзода.

Вай афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани руҳияи ватанпарастии аскарону афсарони Қувваҳои мусаллаҳ дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ барои онҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Ӯ дар ҷамъбасти суханронӣ аскарону афсарони Қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, нафақахӯрони соҳа ва тамоми мардуми вилоятро бо ин ҷашн таҳният гуфта, таъкид кард: “Осудагии падару модарон, осмони софу беғубори Ватан заҳмати шабонарӯзии шумост. Умед дорам, ки тамоми қувва, донишу малакаи худро баҳри содиқона хизмат кардан ба Ватану миллат ва тамоми тоҷикистониён сарф хоҳед кард”.

Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилоят ба як гурӯҳ афсарони сохторҳои қудратӣ, собиқадорон ва оилаҳои онҳое, ки дар рафти адои хизмат ҷони худро аз даст додаанд, ифтихорнома ва кумакҳои пулӣ тақдим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.