Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Соати 17.00 дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба муносибати 75-солагии зодрӯзи наққош Валимад Одинаев намоишгоҳи расмҳои рассомзанони “ОРО” доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ; 1 евро – 10.9558 сомонӣ;                      1 рубли русӣ – 0.1413 сомонӣ. ЯК РӮЗИ […]

АНОНС

– Соати 17.00 дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба муносибати 75-солагии зодрӯзи наққош Валимад Одинаев намоишгоҳи расмҳои рассомзанони “ОРО” доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.9558 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1413 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1931 – Таъсиси ноҳияҳои Ғарм (феълан Рашт) ва Ҷиргатол.

1932 – Таъсиси пойгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.

1957 – Оғози кори Анҷумани II-юми хабарнигорони коргару деҳқони Тоҷикистон.

2009 – Парлумони ҶТ тағйироту илова ба қонун «Дар бораи маориф»-ро қабул кард, ки мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) манъ карда шуд.

2010 – Дар Душанбе 56 аъзои созмони динии ифротгарои «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум шуданд.

2012 – Зимни мулоқот бо намояндагони ВАО бахшида ба 100-солагии нашри шумораи нахусти газетаи «Бухорои шариф» президент сабук кардани ҷазо барои туҳматро пешниҳод кард.

1934 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф.

1937 – Мавлуди овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Улфатмоҳ Маҳмаданбарова.

1941 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Подабон Зоҳиров.

1944 – Мавлуди журналист, арбоби давлатӣ Хӯҷааҳмад Хидиралиев.

1945 – Зодрӯзи рассом-монументалист Валимат Одинаев.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов.

1949 – Зодрӯзи адиб Мирзо Насриддин.

1953 – Мавлуди кимиёшинос Муҳаммадҷон Раҳимов.

1957 – Зодрӯзи журналист Неъматулло Солеҳов.

1967 – Мавлуди сароянда Соҳибназар Саидов.

1968 – Зодрӯзи адабиётшинос Фахриддин Ҳайдаров.

1978 – Мавлуди журналист Зебо Тоҷибоева.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

10 марти соли 1564 дар Маскав аввалин китоби русии чопии “Апостол” ба нашр расид.

Ҳамин рӯзи соли 1710 аввалин китоби чопии дарсии ҷуғрофия ба забони русӣ нашр шуд.

131 сол пеш 10-уми март тоҷири амрикоӣ аз Канзас-Сити (штати Миссури) барои ихтирои истгоҳи автоматии телефонӣ патент гирифт.

10-уми марти соли 1910 дар Чин ғуломдорӣ манъ шуд.   

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 8+13 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо шабона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-7° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои қисман абрнок, шабона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои қисман абрнок, боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.