Кумак аз Avesto Group ба кӣ тааллуқ дошт?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи кумаки ширкати тоҷикистонии Avesto Group ба табибонро баррасӣ мекунанд. Корбарон аз барчасби қуттиҳо бо парчамҳои Чин ва Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб карданд. Мардум бар ин назаранд, ки ширкат кумаки башардӯстонаро азхуд кардааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, кумакеро, ки ширкат ботантана ба таваллудхонаи №2-и пойтахт дод, пас аз наворбардории гузориши видеоӣ аз табибон бозпас […]

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи кумаки ширкати тоҷикистонии Avesto Group ба табибонро баррасӣ мекунанд. Корбарон аз барчасби қуттиҳо бо парчамҳои Чин ва Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб карданд. Мардум бар ин назаранд, ки ширкат кумаки башардӯстонаро азхуд кардааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, кумакеро, ки ширкат ботантана ба таваллудхонаи №2-и пойтахт дод, пас аз наворбардории гузориши видеоӣ аз табибон бозпас гирифтанд. Барои шарҳи масъала “Азия-Плюс” ба Avesto Group муроҷиат кард.

“Кадом давлате набошад, ба як давлати дигар кумаки башардӯстона кунад, ман фикр намекунам, ки ба ширкати хусусии дигар давлат пешниҳод кунад, ки ту аз номи худат гирифта, ба давлати худат супор. Ҳол он ки ин кумаки башардӯстонаи давлати ҳамсоя, давлати абарқудрат аст”, – гуфт Зафар Бурҳонзода, сарвари иҷроияи Avesto Group.

Вай афзуд: “Бо назардошти он ки 4 сохтор молу маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ таҳвил доданд, аз ҳамин хотир, тамоми мавод дар дохили 2 мошине, ки дар навор инъикос гардидааст, оварда шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон бо сабаби душвории боркашонӣ аз Чин, ҳамроҳи бори ширкат, боз молу маводи 3 ташкилоти дигар бо мошинҳои боркаш оварда шуданд, ки дар байнашон ҳамчунин кумаки башардӯстона аз номи ҳукумати Чин буд. Зимни интиқол ҳамаи қуттиҳои 4 ташкилот омехта шуд. Дар гузориш оид ба кумаки Avesto Group кумаки башардӯстона аз Чин низ ба навор афтодааст.

“Пас аз таҳвили молу маводи тиббӣ ба саҳни ҳавлии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ҳангоми кушодани автомашинаҳои боркаш муайян гашт, ки ҳамаи молу маводи ташкилотҳои гуногун омехтааст. Аз ҷониби  намояндагони Агентии захираҳои моддии давлатӣ пешниҳод гардид, ки дар анбори худи Агентӣ тақсимоти молу мавод ба роҳ монда шавад, – изҳор дошт Бурҳонзода. – Он молу маводе, ки ҳангоми кушодани мошинҳои боркаш дар саҳни ҳавлӣ фароварда шуд, бо назардошти он ки омехта буданд, бозпас ба автомашинаҳо бор карда шуданд ва дар анбори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба ҳамон сохторҳое, ки бевосита дар асоси санадҳои дахлдори гумрукӣ ба номи онҳо молу мавод оварда шудааст, тақсим карда шуд”.

Қобили зикр аст, ки Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва таваллудхонаи №2 як ҳавлии умумӣ доранд.

Ба қавли Бурҳонзода, пас аз ҷудо шудани бор, Чин кумаки башардӯстонаи худро тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ супурда, Avesto Group қуттиҳои худро ба анбори Раёсати тандурустӣ овард, ки айни замон дар ҳамин анбор ҷойгиранд.

“Маводи тиббиро бо имзоҳову муҳрҳои дахлдор қабул карда, дар анборе, ки айни замон барои мо вогузор шудааст – як қисми бинои таваллудхонаи шаҳрии №2, ҳамаи он ҷойгир карда шудааст, – иброз дошт Ато Собирзода, намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе. – Зиёда аз 53 ҳазору 200 лавозимоту маводи муҳофизатии тиббӣ аз ҷониби ин ширкат ба Раёсати тандурустӣ супорида шуд. Аз ҷумла, 10 ҳазор адад либосҳои махсуси муҳофизатӣ, 18 ҳазору 200 адад ниқобҳои тиббӣ, 10 ҳазор адад айнакҳои муҳофизатӣ ва айнакҳои пластикии муҳофизатие, ки куллан рӯйро ҳимоя мекунад”.

Тақсимоти лавозимоту маводи тиббиро ба беморхонаҳои пойтахт оғоз кардаанд. Онҳоро аллакай 4 муассиса: Маҷмааи тиббии “Истиқлол”, Маркази солимии №1, Беморхонаи сироятии шаҳрӣ ва Беморхонаи сироятии кӯдакона гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.