Сармуҳаррири “Азия-Плюс”: “Ватандӯстонро аз худ дур накунед!”

Қазияи лату кӯби хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ ранги дигар мегирад. Акнун хабарнигор аз ҷабрдида ба айбдоршаванда табдил ёфта метавонад. Рӯзи шанбе дар сомонаи ВКД маълумоте нашр шуд, ки дар он ба қазия ба таври ногаҳонӣ рангу муҳтавои дигар дода шуд. Дар шарҳи ВКД зикр шуд, ки “хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон […]

Умед Бобохонов, сармуҳаррири «Азия-Плюс»

Қазияи лату кӯби хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ ранги дигар мегирад. Акнун хабарнигор аз ҷабрдида ба айбдоршаванда табдил ёфта метавонад.

Рӯзи шанбе дар сомонаи ВКД маълумоте нашр шуд, ки дар он ба қазия ба таври ногаҳонӣ рангу муҳтавои дигар дода шуд.

Дар шарҳи ВКД зикр шуд, ки “хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шуда ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта гузориши «ҳангоманок» таҳия намояд”.

“Ӯ инчунин дар вуҷуди сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳисси норозигиро ба давлату ҳукумат бедор карданӣ шуд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда, нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд, – қайд шуд дар хабари Вазорат.

Мувофиқи фарзияи ВКД, номбурда ба монеъ шудани сокинони нигоҳ накарда, бо дахолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо ба наворбардорӣ машғул гардид, ки дар натиҷа миёни сокинон ва хабарнигор муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид.

Имрӯз ба тасдиқи ин фарзия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанде аз ВАО “Муроҷиатномаи сокинони аз офат осебдидаи ноҳияи Хуросон ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо” пайдо шуд, ки зери он 300 имзо ҷамъ шудааст.

Муаллифони муроҷиатнома тасдиқ мекунанд, ки хабарнигорро касе лату кӯб накарда, ӯро “духтарону занон аз назди хаймаҳо” канор ронда, намехостанд, ки “занону духтарон ва кӯдакони ноболиғро наворбардорӣ кунад”. Онҳо қайд мекунанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда, намегузоранд, ки хабарнигор бе ҷазо монад.

Ба ин тариқ, сенарияе шакл мегирад, ки мувофиқи он хабарнигори латукӯбшудаи ба иҷрои вазифаи касбиаш машғулро метавонанд ба нақзи қонун айбдор карда, ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд.

Дар ин робита чунин изҳор доштанием. Мо аз талошҳои доираҳои муайян дар бораи рӯзноманигоронро душмани давлату ҳукумат нишон додан хеле нигаронем. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба Хуросон бо дастури идораи расона рафт, то ҳаёти одамони аз офат осебдидаро инъикос кунад. Ҳеҷ касе назди ӯ вазифа нагузошта буд, ки “дар сокинон ҳисси норозигиро ба давлату ҳукумат бедор кунад”.

Баръакс, мо дар нақша доштем, ки дар бораи кумаки ба осебдидагон расида аз ҳукумат ва чӣ гуна ба ҳаёти муътадил баргаштани онҳо гузориш таҳия намоем. Илова бар ин, ӯ ҳоло барои назди хаймаҳо наздик шудан фурсат наёфта, ҷисман наметавонист, ки “дахолатнопазирии сокинони хаймаҳо”-ро халалдор созад. Инро сабти наворҳои видеои хабарнигор исбот карда метавонист, лекин телефони хабарнигор дар ШВКД Хуросон гирифтаву охири рӯз корношоям баргардонида шуд…

Бинобар ин, бори дигар мавқеи идораи “Азия-Плюс”-ро изҳор карданием: рӯзноманигорон ҳам қисмате аз ҷомеаи Тоҷикистон буда, барои тақдири кишвар самимона дар ташвишанд. Кори хабарнигорони “Азия-Плюс” ва аз ҷумла, фаъолияти Абдуллоҳ Ғурбатӣ тайи моҳҳои охир гувоҳи ватанпарварии ҳақиқиянд.

Маҳз Ғурбатӣ хеле пештар аз аксари дигар рӯзноманигорон бо супориши идора дар бораи зарурати риояи меъёрҳои санитарӣ дар шароити пандемияи коронавирус, ба ҳаросу воҳима наафтодан бо сабаби болоравии нархи ғизо, кумаки башардӯстонаи ба кишвари мо расида ва ғайра гузориш таҳия мекард. Ин фаъолияти хабарнигори ҷавон ва боистеъдод ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа меарзад.

Мо чунин мешуморем, ки дар шароити пандемия халқи мо бояд муттаҳид бошад, то ки озмоишҳоро бо талоши умумӣ паси сар намояд. Талоши баъзе доираҳо барои ҷудо кардани ҷомеа ба “дӯстон” ва “душманон”, айбдор кардани рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавҷуд набудани ватандӯстӣ ва иғвоангезиҳо имрӯз хеле зараровар аст. Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз густариши заминаи ҷамъиятии ҳукумат зарур аст, на ин ки аз худ дур сохтани ватандӯстон, касоне, ки ба тақдири кишвар бетараф нестанд ва ба муколамаву ҳамкорӣ омодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.