Коронавирус дар Тоҷикистон: +71 сироятёфта ва 1 фавт

Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 11 июн 4 ҳазору 834 нафарро ташкил медиҳад. Тӯли шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия ба 49 нафар расид. Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 11 июн 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, […]

Asia-Plus

Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 11 июн 4 ҳазору 834 нафарро ташкил медиҳад.

Тӯли шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия ба 49 нафар расид.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 11 июн 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 3 ҳазору 62 (63,3%) нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 15 июни соли равон  ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.

Чанд рӯз пеш вакилони парлумон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тасдиқ карданд, ки мувофиқи он, барои дидаву дониста паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷазо ҷорӣ шуд.

Қонуншиканонро аз 2 то 5 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ интизор буда, агар бар асари ин амал ба саломатӣ зарари вазнин расонида шавад, муҳлати ҷазои маҳрумият аз озодӣ аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст.

Барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар бораи пандемия тариқи ВАО барои шахсони воқеӣ аз 580 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ – то 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Барои надоштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин риоя накардани масофагирӣ байни ҳамдигар то 2 метр дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ ҷаримаҳо ҷорӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.