Рӯзи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон охири моҳи август эълон мешавад

Муҳлати ваколати президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2020 ба охир мерасад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, рӯзи интихоботи президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, на дертар аз ду моҳ пеш аз анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда таъин мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот […]

Аваз Юлдошев

Муҳлати ваколати президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2020 ба охир мерасад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, рӯзи интихоботи президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, на дертар аз ду моҳ пеш аз анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда таъин мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи меъёрҳои Конститутсия, Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Ин маҳдудиятҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дахл надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.