Ҳашт мактаби олии Тоҷикистон ба рӯйхати номақбул барои ӯзбекистониҳо дохил шуданд

Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистон рӯйхати мактабҳои олии кишварҳои хориҷи наздикро, ки барои ӯзбекистониҳо номақбуланд, тартиб дод. Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба гузориши таҳлилии ин нозирот иттилоъ медиҳад, аз ҷумла, сифати таълим дар 8 мактаби олии Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон мутобиқат намекардааст. Таҳлили сифати маълумоти олӣ бар асоси тестҳое […]

Asia-Plus

Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистон рӯйхати мактабҳои олии кишварҳои хориҷи наздикро, ки барои ӯзбекистониҳо номақбуланд, тартиб дод.

Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба гузориши таҳлилии ин нозирот иттилоъ медиҳад, аз ҷумла, сифати таълим дар 8 мактаби олии Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон мутобиқат намекардааст.

Таҳлили сифати маълумоти олӣ бар асоси тестҳое гузаронида шудааст, ки дар Ӯзбекистон барои эътирофи дипломҳои хориҷӣ мегиранд. Аз ҷумла, сифати маълумоте, ки ӯзбекистониҳо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон мегиранд, санҷида шудааст.

Дар гузориш қайд мешавад, ки арзиши таҳсил дар аксари мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя “ба гирифтани маълумоти босифат имкон намедиҳад”. Ва тавсия дода шудааст, ки мебояд дар давлатҳое маълумоти олӣ гирифт, ки дар рейтингҳои маъруфи таҳсил мавқеъҳои баландро ишғол мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, зикр шудааст, ки муассисаҳои маълумоти олии дар Тоҷикистон амалкунанда ба ҳазоргонаи якум дар рейтинги мактабҳои олии эътирофшуда (ARWU – Рейтинги академии донишгоҳҳои ҷаҳон, THE – Times Higher Education, QS – Quacquarelli Symonds World University Rankings) дохил нестанд. Инчунин Тоҷикистон рейтинги умумӣ ё миллии муассисаҳои таълимии маълумоти олӣ надорад.

Дар рӯйхати мактабҳои олии Тоҷикистон, ки барои ӯзбекистониҳо “номақбул” дониста шудаанд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи кушоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон зикр шудаанд.

Моҳи феврал ҳукумати Ӯзбекистон ба донишҷӯёни худ, ки дар кишварҳои ҳамсоя таҳсил мекарданд, пешниҳод намуд, ки бе супурдани имтиҳон ба мактабҳои олии Ӯзбекистон гузаранд. Дар натиҷа аксари донишҷӯёни ӯзбекистонӣ мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро тарк карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.