Тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарияти Бонки миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якум ва Лола Салимова аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи фармони президент Ҷамолиддин Нуралиев боз ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ғайр аз ин, […]

Asia-Plus

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якум ва Лола Салимова аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи фармони президент Ҷамолиддин Нуралиев боз ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Ғайр аз ин, бо қарорҳои ҳукумат шахсони зерин аз вазифаҳояшон озод шуданд:

Кроме этого, постановлениями правительства от своих должностей освобождены:

– муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан:

муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсайзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан:

– муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Илёсиддин Камолитдинзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» Маҳмуд Шоҳиён.

– муовини сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан.

– роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Фирдавс Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан.

Бо қарорҳои дигари ҳукумат таъин шуданд:

– Нигина Ализода – муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Асадулло Ҳакимзода – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Шараф Каримзода – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Рухшона Насриддинзода – муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Шаҳноза Нодирӣ –  муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Алишер Ализода – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Манучеҳр Шарифзода – муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.