Пешгирии сироят ва ҷараёну паёмади бемории COVID-19

Дар марҳилаи кунунии паҳншавии коронавирус огоҳии мардум аз роҳу воситаҳои пешгирии сироят ва ҷараёну паёмади бемории COVID-19 муҳим арзёбӣ мешавад. Барои ҳифзи худ ва наздиконамон аз ин беморӣ чӣ бояд кунем? Шахси гирифтори COVID-19 то чанд муддат сарчашмаи сирояти коронавирус барои атрофиён буда метавонад? Ин беморӣ барои узвҳои ҳаётан муҳими инсон чӣ гуна ориза ва […]

Афзал Босолиев, ТВ “Азия”

Дар марҳилаи кунунии паҳншавии коронавирус огоҳии мардум аз роҳу воситаҳои пешгирии сироят ва ҷараёну паёмади бемории COVID-19 муҳим арзёбӣ мешавад.

Барои ҳифзи худ ва наздиконамон аз ин беморӣ чӣ бояд кунем? Шахси гирифтори COVID-19 то чанд муддат сарчашмаи сирояти коронавирус барои атрофиён буда метавонад? Ин беморӣ барои узвҳои ҳаётан муҳими инсон чӣ гуна ориза ва паёмадҳо дошта метавонад?

Ба ин ва дигар суолҳо сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд Рустамҷон Бӯрибоев дар барномаи Телевизиони “Азия” посух додааст. Ӯ аз рӯзҳои аввали пайдоиши коронавирус дар Тоҷикистон ба муолиҷаи маризон машғул асту дар “минтақаи сурх” қарор дорад.

Аз рӯйи тавсияи мутахассисон амал кардан манфиатовар аст. Ҳамзамон риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, пайваста шустани дастон бо собуну маҳлулҳои антисептикӣ, фосилаи ҷисмонӣ аз 1,5 то 2 метр, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ метавонад шумо ва наздиконатонро аз ин бемории сироятӣ ҳифз кунад.

Чӣ хел бояд худро аз коронавирус ҳимоя кард

Дастурамали кӯтоҳ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19

Дастони худро пайваста бо собун бишӯед

– дастонро на кам аз 40 сония шустан лозим аст.

Агар обу собун дастрас набошанд, маҳлули антисептикӣ барои дастонро истифода кунед, ки на кам аз 70% спирт дошта бошад.

Дастони худро бишӯед, вақте:

• ифлос шуданд;

• баъд аз он, ки дар ҷойи ҷамъиятӣ будед ва ба ашёи гуногун даст расондед (дастаҳои дар, дастқапи дохили нақлиёт, тугмаҳои лифт, зангӯлаи дар ва ғайра);

• баъд аз сулфа ё атсазанӣ;

• дар вақти нигоҳубини шахсони бемор;

• пеш аз, дар вақти ва пас аз омодасозии ғизо;

• пеш аз ғизохӯрӣ;

• баъд аз ҳоҷатхона;

• пас аз дастшӯйӣ ҷумаки обро на бо дастони тоза, балки бо оринҷ ё дастпокчаи коғазӣ маҳкам кунед.

Фосилаи ҷисмониро ҳатман риоя кунед

1. Фосилаи байни шумо ва одамони дигар бояд на кам аз 2 метр бошад, хусусан, агар шумо ё шахси дигар месулфед ё атса мезанед.

2. Байни шумо ва ҳар каси дигар бояд фосила нигоҳ дошта шавад, масалан, дар лифт, мағозаҳои хурд, бонк, дорухона, ё назди банкоматҳо. Шумо бояд саросема нашуда, фосиларо дар навбат нигоҳ доред.

3. Ҳангоми дидори хешовандону шиносҳои худ бо даст салом накунед ва ба оғӯш нагиред: саломи бехатар дастафшонӣ ва ё таъзим аст.

Ба чашмону бинӣ ва даҳони худ бо дасти ношуста нарасед

Чашмону бинӣ ва даҳон даромадгоҳи коронавирус ба ҷисми инсон аст.

Риояи гигиенаи нафас муҳим аст

• Дар вақти сулфа ё атсазанӣ даҳону бинии худро бо рӯймолчаи яккарата пӯшонед. Онро баъд аз истифода фавран ба сатили партови сарпӯшдор партоед.

• Ҳар дафъа баъд аз сулфа ё атсазанӣ дастони худро бишӯед.

Агар таб ва сулфаю нафаскашии душвор дошта бошед, фавран барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кунед

• Агар худро бад ҳис кунед, дар хона бимонед ва бо одамони дигар вонахӯред.

• Агар таб, сулфа, нафаскашии душвор ё аломатҳои дигари сироятёбии коронавирус дошта бошед (эҳсос накардани бӯй ва таъм, бемадорӣ ва дарунравӣ), ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.

• Рақамҳои телефони хадамоти тиббӣ дар аксари даромадгоҳи хонаҳо часпонида шуда, ба воситаи телевизион ва радио эълон мешаванд.

• Агар рақами телефони табиби оилавиро ёфта натавонед, ба рақами 511 ё 311 занг занед ва онҳо ба шумо маслиҳати зарурӣ дода, ҳамчунин маълумот медиҳанд, ки бо дармонгоҳи маҳалли зисти худ бояд чӣ гуна тамос гиред.

• Зимни эҳтимоли сирояти коронавирус табиби оилавии шумо барои гузаштани ташхис роҳхат медиҳад ва масъалаи хобонидан дар беморхонаро ҳал мекунад, ё бо шумо оид ба назорату муолиҷа дар хона қарор қабул мекунад.

• Қариб 85%-и одамон давраи сироятёбиро осон мегузаронанд ва дар хона бо таъиноти табиби оилавӣ шифо ёфта метавонанд. Зимнан риояи қоидаҳои карантин ҳатмист, ки дар ин хусус ба шумо корманди тиббӣ маълумот медиҳад.

• Дар ёд дошта бошед: муроҷиати саривақтӣ барои дарёфти кумаки тиббӣ асоси табобати муваффақона аст.

Бохабар бошед ва аз рӯйи тавсияҳои табиби худ амал кунед

1. Аз навигариҳои марбут ба COVID-19 воқиф бошед.

2. Тавсияҳои табиби оилавӣ, мақомоти тандурустӣ ё роҳбарияти коргоҳатонро оид ба чӣ гуна ҳимоя кардани худ ва атрофиён аз COVID-19 риоя кунед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.