Ҳукми 20 соли зиндон ба сокини 18-солаи Восеъ барои куштани ҳамсолаш

Суди шаҳри Душанбе як ҷавони сокини ноҳияи Восеъро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Аввали моҳи майи соли ҷорӣ ӯ дар Душанбе ҳамсоли худро кушт. Бино ба иттилои маркази матбуоти Суди шаҳри Душанбе, маҳкумшуда Меҳроҷиддин Саидҷаъфари 18-сола муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сахт адо мекунад. Гуфта мешавад, Меҳроҷиддин Саидҷаъфар шоми рӯзи 6 май дар кӯчаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе як ҷавони сокини ноҳияи Восеъро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Аввали моҳи майи соли ҷорӣ ӯ дар Душанбе ҳамсоли худро кушт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Суди шаҳри Душанбе, маҳкумшуда Меҳроҷиддин Саидҷаъфари 18-сола муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сахт адо мекунад.

Гуфта мешавад, Меҳроҷиддин Саидҷаъфар шоми рӯзи 6 май дар кӯчаи Борбади пойтахт дар ҳолати сархушӣ аз машрубот бо сокини пойтахт, ҳамсолаш Дӯстмурод Муродов муноқиша карда, бо корд ба ӯ зарбаҳо мезанд. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.