Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дутарафаро баррасӣ карданд

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамкории худро имрӯз, 28-уми июл баргузор карданд. Мулоқот тавассути видеоконфронс байни Брюссел ва Душанбе бино ба маҳдудияти сафар дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад. Иттиҳоди Аврупо дастгирии худро аз равандҳои ислоҳот, ки ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудаанд ва уҳдадории таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, […]

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамкории худро имрӯз, 28-уми июл баргузор карданд. Мулоқот тавассути видеоконфронс байни Брюссел ва Душанбе бино ба маҳдудияти сафар дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад.

Иттиҳоди Аврупо дастгирии худро аз равандҳои ислоҳот, ки ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудаанд ва уҳдадории таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла омодагӣ ба равандҳои нави дуҷониба – гуфтушунидҳо оид ба GSP + (Системаи ягонаи афзалиятҳо) ва EPCA (Созишномаи мукаммали шарикӣ ва ҳамкорӣ) бори дигар тасдиқ кард.

Ҷониби Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо барои саҳми 48 миллион евро дар доираи бастаи Team Europe, ки 11-уми апрели соли равон эълон гардид, изҳори сипос кард. Иттиҳоди Аврупо ин маблағҳоро дар доираи бастаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи рушд ба миқдори 112 миллион евро барои кумак ба Тоҷикистон ҷиҳати вокуниш ба таҳдиди коронавирус, қонеъ кардани ниёзҳои дарозмуддати соҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ пешниҳод кардааст.

Ҳарду ҷониб таъсири пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои идоракунӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, вазъи иқтисодӣ ва осебпазирии иҷтимоиро баҳо доданд, то Иттиҳоди Аврупо тавонад дурнамо ва ҳадафҳои рушдро барои ҳалли эҳтиёҷоти муҳимтарин ва омилҳои хавф мутобиқ кунад. ИА аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки равандҳои ислоҳотро тақвият бахшанд ва нишондиҳандаҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ беҳтар созанд.

Иттиҳоди Аврупо инчунин муҳимияти озодии матбуот ва ВАО, аз ҷумла интернети кушода ва аҳамияти мақомоти Тоҷикистонро барои фароҳам овардани фазои мусоид баҳри фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишвар таъкид кард. ИА саҳми муҳимеро, ки ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ метавонад ба устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шароити буҳрон расонад, қайд кард.

Иттиҳоди Аврупо аз он изҳори таассуф кард, ки Тоҷикистон алайҳи тамдиди мандати Намояндаи кунунии САҲА оид ба озодии ВАО ва Директори Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар изҳори назар кард.

ИА қайд кард, ки барои фароҳам овардани имкони беҳтарини татбиқи барномаи GSP +, Тоҷикистон бояд ба муколамаи пеш аз татбиқ, алалхусус, дар татбиқи самарабахши 27 конвенсия дар бораи ҳуқуқи инсон ва меҳнат, муҳити зист ва идоракунии хуб ҳамроҳ гардад. Тоҷикистон қобилияти болои афзоиши гардиши савдо бо Иттиҳоди Аврупоро эътироф карда, ваъда додааст, ки фазои соҳибкориро беҳтар мекунад ва ба меъёрҳои зарурӣ барои татбиқи бомуваффақияти системаи афзалиятҳои GSP + мувофиқат мекунад.

Иттиҳоди Аврупо уҳдадории худро оид ба идома додани ҳамкориҳои рушд бо Тоҷикистон бори дигар тасдиқ кард ва эълом дошт, ки айни замон нақшаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои сеюмро барои солҳои 2021-2027 тартиб дода истодааст.

Ҷонибҳо натиҷаҳои барномаҳои ҷорӣ ва ба нақша гирифташудаи ҳамкорӣ оид ба рушдро ҷамъбаст намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро барои давраи оянда баррасӣ карданд.

Ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ таҳти раисии Люк Пйер Девин, иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи Русия, Шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Ҳамкории Минтақавӣ ва САҲА дар Хадамоти корҳои берунаи Аврупо ва Абдураҳмон Сафаралӣ Абдураҳмонзода, Муовини Вазири рушди иқтисод ва Савдои Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар соли 2021 дар Душанбе, дар ҳолатҳои имконпазир, дар шакли муколамаи рӯ ба рӯ баргузор кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.