Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони Хоруғ либосу анҷом тақдим кард

Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу анҷоми варзишӣ тақдим шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ маҷмӯи либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно супурда шуд. Мудири […]

Asia-Plus

Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу анҷоми варзишӣ тақдим шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ маҷмӯи либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно супурда шуд.

Мудири бахши ҷавонон ва варзиши дастгоҳи ҳукумати ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев аз номи варзишгарони Хоруғ ба Рустами Эмомалӣ барои дастгирии варзишгарону мураббиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки фароҳам овардани имконоти нав барои рушди варзиш афзалияти кори ҳукумати маҳаллӣ мебошад.

“Ба туфайли дастгирии ФФТ дар Бадахшон якчанд майдони футбол бо рӯйпӯши сунъӣ сохта шуд, – иброз дошт Сураҷ Чоршанбиев. – Дар вилоят инчунин навъҳои дигари варзиш – волейболу футбол, боксу гӯштингирӣ ва ғайра дар ҳоли рушд аст. Варзишгарони мо дар арсаҳои байнулмилалӣ қувваозмоӣ карда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Барои дастгирӣ ба Рустами Эмомалӣ изҳори сипос мекунем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.