Вазорати тандурустӣ гирифтории кӯдакон ба коронавирусро таъйид кард. Фавт нест

Дар Тоҷикистон кӯдакон ҳам гирифтори бемории коронавирус шудаанд, вале байни онҳо мавридҳои фавт номнавис нашудааст. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои ин манбаъ шумораи беморон зиёд нест, аммо ироаи омор дақиқи кӯдакони гирифтор махфӣ аст. Манбаъи “Азия-Плюс”  мегӯяд, ки сарфи назар аз синну сол ва нишонаҳои беморӣ, […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон кӯдакон ҳам гирифтори бемории коронавирус шудаанд, вале байни онҳо мавридҳои фавт номнавис нашудааст. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои ин манбаъ шумораи беморон зиёд нест, аммо ироаи омор дақиқи кӯдакони гирифтор махфӣ аст.

Манбаъи “Азия-Плюс”  мегӯяд, ки сарфи назар аз синну сол ва нишонаҳои беморӣ, волидон бояд фарзандони худро аз ташхиси тестӣ гузаронанд.

“Беморӣ байни кӯдакон ба қайд гирифта шудааст, вале кам. Ҳолати фавт нест. Ин кӯдакон бемориро сабук мегузаронанд. Бо модарони ин кӯдакон машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад”, – илова кард манбаъ.

Вазорати тандурустӣ машвара медиҳад, ки кӯдаконе, ки бо боморони гирифтори коронавирус тамос гирифтаанд бояд ҳатман тест супоранд. Вазорат мегӯяд тест кардани кӯдакон ройгон аст.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”  сару садоҳои марбут ба ин ки кӯдакон ҳоло зиёд ба дарунравӣ ва тасби бадан гирифтор шудаанд, шомили бемориҳои мавсимиянд, ки дар кишвар хуруҷ кардаанд, аммо рабте ба каронавирус надоранд

“Дар ин масъала ҳамарӯза байни мардум суҳбатҳо гузаронида мешаванд, дарунравӣ ва таб инҳо алакай бемориҳои мавсимӣ ҳастанд, ки хуруҷ кардаанд. Бемории ковид бошад умуман коҳиш ёфтааст”, – мегӯяд манбаъ.

Ба иттилои Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 23 сентябр шумораи умумии беморони мубтало ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба 9475 нафар расидааст. Ин шумора нисбат ба як рӯзи гузашта 43 нафар зиёд аст. Шумораи онҳое. Ки аз ин беморӣ фавтидаанд дар Тоҷикистон ба 74 нафар расидааст.

Ситод шумораи шифоёфтагонро имрӯз 8 ҳазору 244 нафарро ҳисоб кардааст, ки , ки нисбат ба шоми гузашта 45 нафар бештар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.