Фелдшере, ки ба ӯ президент кумак ваъда карда буд, муҳассили Донишгоҳи тиббӣ шуд

Фелдшер ё худ корманди миёнаи тиббӣ Муҳаммад Ҳисайнов, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббӣ ба ӯ ҷиҳати таъмин бо манзил ва идомаи таҳсилаш кумак ваъда карда буд, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд. “Маро ба курси якуми факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон қабул карда, ба таҳсил оғоз намудам. Хеле хушнудам, […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Фелдшер ё худ корманди миёнаи тиббӣ Муҳаммад Ҳисайнов, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббӣ ба ӯ ҷиҳати таъмин бо манзил ва идомаи таҳсилаш кумак ваъда карда буд, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд.

“Маро ба курси якуми факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон қабул карда, ба таҳсил оғоз намудам. Хеле хушнудам, ки бо дастгирии президент орзуи табиб шуданам ҷомаи амал пӯшид. Хеле миннатпазирам!”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Муҳаммад ва қайд кард, ки бинобар сабаби мушкили молиявӣ, ӯ танҳо дар коллеҷи тиббӣ таҳсил карда, корманди миёнаи тиббӣ шудааст.

Ба гуфтаи Муҳаммад, хонаи аз ҷониби президент ваъдашударо ҳоло ба ӯ надодаанд, лекин барои гирфтани он ҳуҷҷат омода мекунад ва бовар дорад, ки рӯзҳои наздик калиди хонаро ба дасташ мегирад.

Ӯ ҳамчунин боз як хушхабар расонд: соҳиби фарзанди дуюм – духтарча шуда, тифлро Раҷабмоҳ ном гузоштааст.

“Духтарамро ба ифтихори зане, ки бо ҳамсараш ба ман дар дохилшавӣ ба коллеҷи тиббӣ ёрӣ расонд, Раҷабмоҳ ном гузоштам. Он замон онҳо ба ман хеле кумак карданд: сар аз дохилшавӣ то харидани сарулибос ва асбобу лавозимоти таҳсил”, – қайд кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки фелдшери 31-сола замони оғози эпидемияи коронавирус дар Тоҷикистон навори видеоии муроҷиат ба ҳамкасбонро аз беморхонаи Душанбе нашр кард. Дар он ӯ табибони ҷавонро, ки аз беморӣ тарсида, рӯ ба гурез оварда буданд, сарзанишу маломат карда, аз табибони пиронсол, ки шабу рӯз беморхонаро тарк накарда, ҳаёти одамонро наҷот медоданд, ситоишу миннатпазирӣ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии ҷумҳурӣ аз ин навори видео ёдовар шуда, бо ӯ шахсан суҳбат кард  ва дастур дод, ки ба табиб ҷиҳати таъмин бо манзил ва идомаи таҳсил кумак кунанд.

Мусоҳиба бо Муҳаммад бо забони русӣ бо ин суроға ва мусоҳибаи видеоии ӯ бо забони тоҷикӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.