Диссернет: боз як олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кард

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” боз як олими дигари тоҷик Маҳбуба Шоазизова, муовини директори Институти иқтисоди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро ба асардуздӣ муттаҳам кард. Ба навиштаи торнамои ин пойгоҳ, Маҳбуба Шоазизова Дӯстмуродовна рисолаи номзадияш “Шаклгирӣ ва рушди бозори картошка дар Тоҷикистон” (Формирование и развитие рынка картофеля в Республике Таджикистан)-ро аз кори имлии Лидия Павловна як олими рус […]

Asia-Plus

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” боз як олими дигари тоҷик Маҳбуба Шоазизова, муовини директори Институти иқтисоди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро ба асардуздӣ муттаҳам кард.

Ба навиштаи торнамои ин пойгоҳ, Маҳбуба Шоазизова Дӯстмуродовна рисолаи номзадияш “Шаклгирӣ ва рушди бозори картошка дар Тоҷикистон” (Формирование и развитие рынка картофеля в Республике Таджикистан)-ро аз кори имлии Лидия Павловна як олими рус рӯбардор кардааст. Номи рисолаи илмии Павлова ““Рушди бозори картошка дар Федератсияи Русия) (Развитие рынка картофеля в Российской Федерации) будааст, ки ба номи рисолаи илмии Шоазизова бо фарқи номи давлат, монанд аст

Шоазизова рисолаи номзадияшро соли 2009 таҳти раҳбарии Пириев Ҷалил Сафарович дар шӯрои ҳимояи Институти иқтисоди кишоварзӣ ҳимоя кардааст. Дар шарҳи кори ин олими тоҷик пойгоҳи “Диссернет” навиштааст, ки дар кори илмии Шоазизова ҳарчанд рӯйбардори густарда ҳанӯз ошкор нашудааст, вале қисматҳое, ки рӯйбардор кардааст, кам нестанд.

То кунун бону Маҳбуба Шоазизова ба ин кори “Диссернет” вокуниш накардааст.

Дар як моҳи ахир бону Шоазизова севумин олими тоҷик аст, ки шомили рӯйхати онҳое мешавад, ки ин пойгоҳ ба асардуздӣ муттаҳам мекунад. Аз ин пештар Изатов Қаҳрамон Илҳомович ва Табаров Сунатулло Рустамович дар рӯйхати асардуздони “Диссернет” қарор гирифта буданд.

Дар гузашта ин пойгоҳ дар корҳои илмии наздик ба 50 олими тоҷик мавридҳои асардуздиро ошкор карда буд, ки дар миёни онҳо афроди шинохтае чун Асадулло Раҳмонов, мушовири президенти Тоҷикистон, Давлаталӣ Сайид, муовини якуми Сарвазир, Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Шералишо Кабиров раиси ширкати “Талко” буданд. Мақомоти марбутаи Тоҷикистон кори ин пойгоҳро ғаразнок ва бепоя хонда буданд.

Маҳбуба Шоазизова аз аъзои аршади Ҳизби агарарии Тоҷикистон аст, ки соли 2015 аз сӯйи ин ҳизб дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз ҳавзаи Сино номзад шуда буд, ки натавонист пирӯз шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.